Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Окоҳашари Кашмирӣ

Окоҳашари Кашмирӣ

Окоҳашари  Кашмирӣ Оқомуҳаммадшоҳ (1879, Банорас —1935, Лоҳур), драматург ва шоири ҳинду. Ба забонҳои урду ва ҳиндӣ менавишт. Дар Баворас таҳсил кардааст. Солҳои 90 зери таъсири драматург ва шоир Маҳдӣ Ҳасани Эҳсони Лакҳнавӣ ба эҷоди драмаҳо ба забони урду шурӯъ намуд; нахустин драмааш — «Офтоби муҳаббат» (1897). Дар эҷодиёти Окоҳашари  Кашмирӣ таъсири драматургияи англис мушоҳида мешавад.

Ӯ яке аз нахустин мутарҷимони драмаҳои Шекспир ва дигар драматургҳои Ғарб ба забони урду мебошад. Окоҳашари  Кашмирӣ  дар песаҳояш аз сюжети дра- маҳои Шекспир ва сюжетҳои ведиву пуронӣ истифода мекард. Ссенарияи чанд филми ҳиндӣ ба қалами Окоҳашари  Кашмирӣ тааллуқ дорад. «Ҳури туркӣ», «Сурдас», «Ишқи зан», «Хуни сафед», «Табъиди Сита» аз чумлаи драмаҳои машҳури Окоҳашари  Кашмирӣ мебошавд. Ғазалу достонҳои Окоҳашари  Кашмирӣ («Ташаккур, Европа», «Мавҷи Замзам», «Муноҷот») аз ғояҳои ватавдӯстӣ саршоранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …