Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Окладников Алексей Павлович

Окладников Алексей Павлович

Окладников Алексей Павлович (3. 10. 1908, деҳаи Тыпта, ҳозира pайони Жигалови вилояти Иркутск —18. 11. 1981, Москва), археолог, муаррих ва этнографи советӣ, академики  Академияи Фанҳои СССР (1968; аъзо-корреспондент, 1964). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978).

Ҳодими Хизматнишондодаи Илми РАСС Ёқут, (1956), РСФСР (1957), РАСС Бурят, (1968) ва PCС Тоҷикистон (1978). Аз оилаи муаллими деҳот. Аъзои КПСС аз соли 1946. олҳои 1934—49 аспирант ва ҳодими илмии  Шуъбаи ленинградси Институти археологияи Академияи Фанҳои СССР, 1949— 51 ҷонишини директор ва мудири шуъба, 1954—61 мудири сектора палеолити ҳамин институт. Аз соли 1961 мудири шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Институти иқтисодиёти Шӯъбаи сибирии Академияи Фанҳои СССР; аз соли 1966 ди­ректора Институти таърих, филология ва фалсафаа Шӯъбаи сибирии Академияи Фанҳои СССР; аз соли 1962 профессо ва муди­ри кафедраи таърихи Университети Ново­сибирск. Дар Сибир, Шарқи Дур, Осиёи Миёна ва РХМ тадқиқоти ар­хеологӣ тузаронд.

Окладников солҳои 1953—59 дар вилояти Ленинобод, районҳои Ҳисор, Данғара, Орҷоникидзеобод, Норак ва ғайра ҳафриёти археологӣ гузаронида, маданияти Қайроқум, мадания­ти Ҳисор, ёдгориҳои Навкат, Хоҷаи- гор, Хоҷаиягона, Кӯҳи Бӯлиён ва ғайраро, ки ба давраҳои гуногуни асри сайт мансубанд, кашф кард ва омӯхт. Тадқиқотҳои археологии Окладников барои олимони тоҷик дар омӯзиши асри санг чун дастуруламал хизмат мекунад. Окладников боқимондаҳои одами неандерталиро аз мағораи Тешиктоши Ӯзбекистон, осори маданияти палеолитро дар мавзеъҳои Сибир ва РХМ, тасвирҳои руисангии ҷамоаи ибтидоиро дар соҳилҳои Лена, Ангара, Наздиамур ва РХМ кашф ва тадқиқ кард, инчунин осори мада­нияти асрҳои биринҷӣ ва оҳанро дар Сибир ва Шарқи Дур дарёфт намуд.

Окладников роҷеъ ба таърихи ҷамоаи ибтидоӣ ва маданияти он, санъати давраи палеолит ва неолит, таърихи Осиёи Миёна, Сибир, Шарқи Дур, Шимоли Ақсо ва ғайра аз давраи қадимтарин то асри 18 бештар аз 600 таълифоти илмӣ дорад. Ӯ раиси Шурои илмӣ оид ба таърихи Сибир ва Шарқи Дур, аъзои фахрии Академияи Фанҳои Бри­тания ва Муғулистон мебошад. Иштирокчии як қатор конгресс, сессия ва конференсияҳои илмии байналхалқӣ, иттифоқӣ, республикавӣ, вилоятӣ, аз ҷумла симпозиуми «Шарқу Ғарб» (Токио, 1957), конгрессҳои 7- ум ва 8-уми байналхалқии илмҳои антропология ва этнография (Моск­ва, 4964; Токио, 1968) .ва ғайра мебошад.

Лауреата Мукофотҳои давлатии СССР (1950, 1973). Бо 2 ордени Ле­нин, 3 ордени дигар, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Со­вети Олии як қатор республикаҳои иттифоқӣ мукофотонида шудааст. Сақми Окладников дар кори тайёр намудани кадрҳо барои Осиёи Миёна; аз ҷумла Тоҷикистон калон аст.

Асос: Очерки на истории западных бу­рят-монголов (XVII—XVIII вв.), Ленинград, 1937; Неолит и бронзовый век Прибай­калья, частӣ 1—3, Москва—Ленинград, 1953—55; Иссле­дование памятников каменного века в бассейне Сыр-Дарья осенью 1955 г. «Тр. АН Таджикской ССР», том LXIII. 1956; Олень Золотые Рога, Москва— Ленинград, 1964; Пет­роглифы Ангары, Москва—Ленинград, 1966; Палео­лит и мезолит Средней Азии. «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы», Москва— Ленинград, 1966; Утро искусства, Москва— Ленинград, 1967; Цен­тральноазиатский очаг первобытного ис­кусства, Новосибирск, 1972.

Аабиёт.: Известия Академии Наук Таджикской ССР (отделение общественных наук), .N* 2, 1978.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …