Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оққуюнлу

Оққуюнлу

Оққуюнлу, оққӯйлӣ, иттифоқи қабилаҳои турку оғуз, ки дар на- тиҷаи муттаҳидшавии қабилаҳои бо­диянишини турку оғуз (асрҳои 8— 11) ба вудуд омадааст. Дертар дар юришҳои Салчуқиён иштирок намуда, ба Ҷануб ва Fарб (Кавказ, Хуросон, Осиёи Пеш) паҳн шудааст. Оққуюнлуҳои боқимондаи соҳили дарёи Сир ва доманаҳои кӯҳи Нурато бо ӯзбекҳо ва қарақалпоқҳо омехта шудаанд. Этноними Оққуюнлу то аввали асри 20 дар байни қӯнғиротҳо, қарақалпоқҳои водии Зарафшон боқӣ монд. Қисми зиёди Оққуюнлу асри 14 Байнаннаҳрайни Болоро аз худ карда, Диёрбакрро маркази худ қарор доданд ва давлате ташкил намуданд.

Сардори давлати Оққуюнлу Узун Ҳасан (солҳои ҳукмрониаш 1453—78) бо ёрии императори Тарабзон Довуд (Узун Ҳасан ба хоҳари Довуд хонадор буд) солҳои 50 асри 15 бар душмани худ — сулолаи Қарақуюнлу ғалаба карда, Арманистонро ба даст даровард. Соли 1467 сардори давлати Карақуюнлу Ҷаҳоншоҳро мағлуб карда, Озарбойҷонро истило намуд. Солҳои 60 асри 15 ҳудуди давлати Оққуюнлу хеле васеъ гардид ва он Озарбойҷони Ҷанубӣ (бо Қарабоғ), Ироқ, қисми зиёди Эрон (ғайр аз Хуросон, Мозандарон, Гелон)-ро забт намуд. Пойтахти мамлакат ба шаҳри Табрез кӯчо- нида шуд. Аввали aсри 16 қизилбошҳо бо сардории Исмоили I давлати Оққуюнлуро торумор карданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …