Маълумоти охирин
Главная / Илм / Окказионализм

Окказионализм

Окказионализм (аз лотинӣ осса- sio, occasionis — ҳодиса, баҳона), ра­вияи фалсафаи асри 17-и Европаи Fapбӣ, ки масъалаи таносуби руҳу ҷисмро (фалсафаи дуалистии Р. Де­карт ба миён гузошта буд) ба таври идеалистӣ ҳал менамуд. Намояндагонаш И. Клоуберг, А. Гейлинкс, Н. Малбраяш буданд.

Нотавонии дуализми декартчигӣ дар таъбири таъсири рӯҳ ба ҷисм ва баръакс ҳамчун асоси Окказионализм хизмат намуд (Окказионализм қатъиян номумкин будани таъсири рӯҳро ба ҷисм тасдиқ мекард). Окказионализм таъсири мутақобилаи рӯҳу ҷисмро натиҷаи «мӯъҷизаи» дахолати муттасилу бевоситаи худо ба дар як ҳодисаи алоҳида медонист.

Такмили идеалистии декартчигиро Малбранш ба итмом расонд, ки имконнопазирии на танҳо таъсири ҷисм ба рӯҳ, балки ҷисм ба ҷисмро тасдиқ мекард. Дар фалсафаи Г. Лейбниц Окказионализм (дар таълимот оид ба мувозинатн азалӣ) такмил дода шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …