Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оккам Уилям

Оккам Уилям

Оккам (Ockham, Occam) Уилям (тақрибан 1285, Оккам, графии Сур­рей —1349, Мюнхен), файласуф, мантиқшинос, нависандаи англис, намояндаи схоластикаи баъдина. Роҳиби франсисканӣ. Дар Оксфорд таҳсил карда, дарс гуфтааст.

Соли 1323 ба бидъат айбдор ва ба назди папа Иоанни XXII ба Авинон даъват шу­да, 4 сол он ҷо мемонад. Аз соли 1328 дар Мюнхен дар дарбори душмани папа император Людовики Боварӣ зиндагӣ кардааст. Оккам  ҳамчун нависандаи сиёсӣ ба эътирози папа ба муқобили ҳокимият-мутлақияти калисо ва ҳокимияти гражданӣ зид мебаромад.

Оккам намояндаи асосии номинализми асри 14 ва мантиқшиноси бузургтарини асрҳои миёна буд. Ба қавли ӯ аҳамияти истплоҳ пурра дар гуфтор муайян мешавад. Дар назарияи консеквенсӣ ӯ амалан импликасияи моддӣ ва шаклиро фарқ карда, принсипи дугонагиро барои конъюнксия ва дизъюнксия ифода намуд.

Ба ақидаи Оккам маърифати интуитивӣ оғози маърифат аст. Оккам ба тарафдории чу­до кардани фалсафа ва илоҳиёт (нигаред Ҳақиқати дугона) мебаромад; аҳкоми дин амрҳои фавқулақлиест, ки на ба ақл, балки ба эътиқод ва ирода дахл доранд. Оккам иродаро мисли Иоанн Дунс Окот нисбат ба ақл муқаддам медонист. Оккам ба инкишофи минбаъдаи мантиқ ва фалсафа, ху- сусан ба ақидаҳои Ж. Буридаи, Ни­колай аз Отрекур ва Т. Гоббс таъси­ри зиёд расонд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …