Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оқилов Пӯлобой

Оқилов Пӯлобой

Оқилов Пӯлобой (1898, деҳаи Оқариқи ҳозира pайони Хуҷанди вилояти Ленинобод — 1970, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ  (1948). Аъзои КПСС аз соли 1936. Солҳои 1924—29 чоряккор, 1930 —37 сардори зве­нои пахтакорӣ, 1937—40 дар сафи Армияи Советӣ, 1941—45 ишрокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1945—56 сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи С. Урунхӯҷаев собиқ- колхози «Москва»)-и райони Хуҷанд буд.

Аз соли 1956 нафақахӯри шахсӣ. Бри­гадам Оқилов солҳои 1947—48 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордена Ле­нин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …