Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оқҷар дар райони Восеъ

Оқҷар дар райони Восеъ

Оқҷар, деҳа, маркази Совети қишлоқи Арали райони Восеъ, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Оқҷар то мар­кази район 18 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3650 нафар (1981), тоҷикон. Дар Оқҷар мактаби миёна, 3 китобхона, клуб, хонаи маданият, пункти тиббй, дорухона, боғчаи бачагон, шуъбаи алоқа, узели радио, АТС, кассаи амонатӣ, 3 магазин, меҳмонхона, сехҳои либосу пойафзолдӯзӣ, дуредгарй, сартарошхона, ошхона, нонвойхона, ҳаммом, устохонаи таъмирн техникаи хоҷагии қишлоқ, идораи бинокорн ва боғи маданияту истироҳат ҳастанд.

Оқҷар инчунин фермаи механиконидашудаи чорво дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорй, ғаллакорӣ, бо­ғу токдорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Сурхоб обёрӣ мешаванд. Дар маркази деҳа ҳайкали Владимир Илич Ленин, ёдгорӣ ба хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳайкали Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Давлат Файзалиев гузошта шудааст,

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …