Главная / Ҷуғрофия / Оқбайтали Шимолӣ

Оқбайтали Шимолӣ

Оқбайтали Шимолӣ, дарёест дар қисми марказии Помири Шарқӣ (pайони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ), шохоби чапи дарёи Музқӯл (ҳавзаи Қарокӯл). Тӯлаш 30 километр. Оқбайтал аз нишебиҳои шимоли қаторкӯҳи Музқӯл cap шуда, аз Ҷануб ба Шимол дар водии васеъ ҷорӣ мегардад. Манбааш пиряху барф. Аз сабаби сарду хушк будани иқлим дарё хеле камоб аст. Давраи нуробиаш май — август сентябр; зимистон ях мебандад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

mongolia-gorod

МУҒУЛИСТОН

МУҒУЛИСТОН, Республикаи X а л қ и и Муғулистов (Бугд Найрамдах Монгол Ард Улс). Республикаи …