Маълумоти охирин

Оқбайт

Оқбайт, қабристони мансуб ба асри 3 то милод, ки дар соҳили рости дарёи Оқсу, 6 километр шимолтари Қизилработ воқеъ аст. Солҳои 1948, 1952 ва 1956 А. Н. Бернштам кашф ва тадқиқ намуд ва солҳои 1958—59 Экспедисиям археологии Помири Шарқии Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бо роҳбарии Б. А. Литвинский ҳафриётро давом дод. Майдони қабристон дар Шимол то ба шохоби рости Оқсуи дарёи Қарокӯл мерасад.

Дар суфачаҳои якум ва дуюми болои соҳили дарё (ба дарозии 3 километр) зиёда аз 100 пушта ҷойгир аст. Се намуди пушта ба назар ме­расад: 1) пуштаҳои мудаввар ё байзашакли сангпӯш ва бо ҳалқаи сан­гӣ иҳоташуда; 2) пуштаҳои росткунҷаи сангу хокпӯш ва бо як ё ду ҳалқаи сангӣ иҳоташуда; 3) пуштаҳои мудаввар ё байзашакл. Баъзе қабрҳо арчапӯш буда, ба рӯяшон хок кашидаанд. Аз қабрҳо силоҳҳои ҷангӣ (теғ, ханҷар, пайкон, табар), инчунин косаҳои биринҷию чӯбӣ, ҳалқаҳои тасма, дастпонаҳои биринҷӣ, мӯҳраҳо, зарфҳои сафолии ҳаҷман ва шаклан гуногун, гӯшвораи тилло ва ғайра ёфт шуданд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …