Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оишаи Самарқандӣ

Оишаи Самарқандӣ

Оишаи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи форс-тоҷик. Замони зиндагии Оишаи Самарқандӣ маълум нест. Сарчашмаҳои адабӣ аз ҷумла муаллифони «Ал-мӯъҷам» Шамси Қайси Розӣ, «Оташкада»—Лутфалибеки Озар ва устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» номи Оишаро зикр карда, чанд намуна овардаанд ва ба ашъораш баҳои баланд додаанд. Аз шеърҳои ӯ мик­дори каме боқӣ мондааст. Аммо ҳамин намунаҳо нишон медиданд, ки ӯ дар шоирӣ маҳорати комил доштааст. Ин рубоӣ намунаи ашъори ӯст:

Ашке, ки аз чашми ман ба рӯ ғалтидаст.

Дар гӯш кашидаӣ, ки марворид аст.

Аз гӯш бурун ор, ни бадномии туст,

К-онро ба рухам тамоми олам дидаст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …