Маълумоти охирин

Оини Акбарӣ

«Оини Акбарӣ» асари энсиклопеди, таълифи Абулфазл ибни Муборак Алломӣ (вафот соли 1602), олим, таърихнавис ва вазири Акбаршоҳ (1556—1605). «Оини Акбарӣ» ҷилди сеюми таркибии «Акбарнома»-и ҳамон муаллиф ба шумор меравад. Ҷилдҳои якум ва дуюми «Акбарнома» ба таърихи салтанати Акбар то соли 47-уми ҳукмронии он бахшида шудаанд.

Ҷилди сеюми ин асар аз мавзӯъҳои зерин иборат аст: сохт ва тартиботи дарбори Акбар ва коргузориҳои давлатӣ, маълумоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, ҳамчун хазинадорӣ, доруззарб (корхонаи сикказанӣ) ва пул (дирам ва динор), таъминот бо об, хӯрокпазӣ ва ғайра, нархи аҷноси молҳо, меваҳои Ҳиндустон, муассисаҳои дигари дарборӣ: қӯрхона, истабл, оини бор (аудиенсия), оини фил ва асп, хидматгорон, оини дастмузд: матлабҳои оид ба сипоҳдорӣ; оини мансабдорӣ, саворагон ва пиёдагон, оини суюғгол, оини шикор ва ғайра; маълумот дар бораи баъзе олимон ва шоиру нависандагоне, ки дар Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод мекарданд бо намунаи ашъорашон (ҳамагй 75 шоиру нависандӣ, аз ҷумла, онҳое, ки аз Осиёи Миена ва Афғонистон ба Ҳинд омадаанд: Майлии Ҳиравӣ, Мушфиқии Бухороӣ, Анисии Шомлу ва ғайра).

Дар бораи корҳои гуногуни маъмурии мамлакат оид ба мансабҳо ва вазифаҳои маъмурӣ, ҷадвалҳои даромад аз ҳо­сили ноҳияҳои гуногуни мамлакат маълумот дода мешавад. Баъд тасвири ҷуғрофии Ҳиндустон оварда шуда, тақсимоти маъмурии он, аҳолӣ, маблағҳои даромад, микдори си­поҳ аз ҳар воҳиди маъмурӣ, инчунин ашхоси намоёни таърихи ва афсонавӣ, ки дар хоки Ҳиндустон зиндагӣ кардаанд, баён шудаанд ва солшумориҳои халқҳои гуногун, расму одатҳои халқҳои Ҳиндустон, илму фан ва санъатҳои ин мамлакат шарҳ ёфтаанд. Дар охир тарҷимаи ҳоли муаллиф оварда шудааст.

Маълумоте, ки дар «Оини Акбарӣ» сабт шу­даанд, барои омӯхтани хусусиятҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ, иқтисодӣ-статистикӣ, этнографӣ, илмӣ-таърихӣ, фалсафию динӣ ва ғайраи давлати Темуриёни Ҳинд дар нимаи дуюми асри 16 аҳамияти фавқулодда калонро дорост. Асар барои омӯхта­ни таърихи Ҳиндустон сарчашмаи таърихӣ-иҷтимоӣ ва илмӣ қобили эътимод аст, зеро ки муаллиф онро дар асоси материалҳои расмӣ, аз он ҷумла аз маҳалҳо, ки махсус ҷамъ шуда буданд, инчунин аз натиқаи мушоҳидаҳои худ навиштааст.

«Оини Акбарӣ» ба забони форсӣ, вале бо сабки ҳиндӣ навишта шудааст, ки аз забони тоҷикӣ бо хусусиятҳои лексикӣ, морфологӣ ва синтаксисӣ фарқ мекунад. Дар асар калимаҳои ҳиндӣ ва урду фаровонанд, ки аксарият истилоҳи хоси илму санъату касбу ҳунару этнографияи халқҳои Ҳинд буда, муодили тоҷикӣ-форсӣ надоштаанд. Асар ба англисӣ тарҷума ва чанд бор нашр гардид: тарҷумаи Ф. Гладвин (F. Gladwin) Калькутта, 1783—1786; 1898; Лондон, 1777; 1800; тарҷуман Г. Блочман (Н. Blochmann), Калкатта, 1868, 1894. Чопҳои форсӣ-тоҷикии он: Деҳлӣ 1855 (1272 д.), иборат аз се ҷилд, Лакднав, Навил Капур, 1892—93 (1310 Ҳ.)

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …