Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оинаи тоҷикта

Оинаи тоҷикта

«Оинаи тоҷикта», варақаи мусаввари ташвиқотист, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Агентии те­леграфии Тоҷикистон («ТоҷикТА») нашр мекард. Дар он доир ба воқеаҳои муҳимтарини рӯз, қаҳрамонии аскарони советӣ дар фронт ва фидокории меҳнаткашон дар ақибгоқ нақл карда мешуд. Нашри «Оинаи тоҷикта» аз охири соли 1941 оғоз ёфт, ҳафтае як бор мебаромад ва адади нашраш 500 нусха буд.

Масалан, соли 1942-юм 60 шумора баромад. Дар варақаҳое, ки бо сарлавҳаҳои «Лаққӣ ҳам душман аст», «Либосҳои гарм — барои ҷанговарон», «Шаъну шараф ба қахрамонони Сталинград», «Ҳушёр бош!», «Лаънат ба тартиботи нави фашистӣ дар Европа!» ва ғайра чоп шудаанд, аз душмани ғаддор — фашизми хонумонсӯз, аз бедодгариҳои он муборизаи ҷасуронаи халқи советӣ барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани советӣ ҳикоят карда шудааст. «Оинаи тоҷикта» дар ҳамаи шаҳрҳо, районҳо ва вилоятҳо паҳн ва дар ҷойҳои намоён ба деворҳо овехта мешуд. Дар «Оинаи тоҷикта» карикатураҳо ва суратҳои бисёр дарҷ мегардид. Аксарияги муаллифони «Оинаи тоҷикта» адибон ва рассомони республика буданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …