Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оинаи искандари

Оинаи искандари

Оинаи искандари, Оинаи Сикандарӣ, Оинаи И с к а н д а рия, яке аз образҳои бадеии маъмул дар назму насри форс-тоҷик. Бо номҳои «Оинаи гетинамо», «Оинаи ҷаҳоннамо» низ вомехӯрад. Мурод аз Оинаи искандарӣ оинаест, ки мувофиқи ривоятҳо Арасту сохта, ба манораи баҳрии шаҳри Искандария насб карда будааст.

Дар он на гирду атрофи шаҳри Искандария ва киштиҳои ба шаҳр наздикшаванда аз масофаи сад мил намудор мешуданд. Шабе посбонон дар ғафлат монданд ва фарангиён Оинаи искандариро ба баҳр партофтанд ва ба Искандария ҳуҷум оварданд. Баъдтар Арасту онро аз об берун овард ва ба ҷои пештарааш барқарор сохт. Дар адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик таъбири Оинаи искандарӣ хеле зиёд дучор мешавад. Ҳофиз дар байти мазкур онро ба Ҷоми Ҷам монанд мекунад:

Оинаи Сикандар Ҷоми Ҷам аст, бингар.

То бар ту арза дорад ахволи мулки Доро

Бо ҳамин ном («Оинаи Искандарӣ») Амир Хусрави Деҳлавӣ дар пайравии «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ достоне офаридааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …