Маълумоти охирин

Оинаҳои Тасс

«Оинаҳои Тасс», плакатҳои агитасионии сиёсӣ, ки Агентии телег­рафии Иттифоқи Советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) мебаровард. Расм ва матнҳои «Оинаҳои Тасс» ба ғалаба даъват намуда, шуҳрати корнамоиҳои одамони советиро нишон медоданд.

қаҳрамониҳои гузаштаи халқҳои СССР-ро хотиррасон ва кирдорҳои истилогарони фашистиро бо қаҳру ғазаб маҳкум менамуданд. Дар баровардани «Оинаҳои Тасс» бисёр рассомон (Кукрыниксҳо, В. В. Лебедев, Г. К. Савицкий, П. П. Соколов-Скаля, М. М. Черемных ва дигар), шоирон (Демьян Бедный, В. И. Лебедев- Кумач, С. Я. Маршак ва дигар) иштирок доштанд. Зиёда аз 1500 «Оинаҳои Тасс» бароварда шуд (тиражи он ба 1000 нусха мерасид). «Оинаҳои Тасс» дар Москва нашр мешуд. Чунин «оинаҳо» дар шаҳрҳои гуногуни Иттифоқи Советӣ (Тошкент, Боку, Фрунзе, Ашқобод, Томск, Саратов ва дигар) низ мебаромад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …