Маълумоти охирин

Оинаҳои Роста

«Оинаҳои Роста», аниқтараш— «Оинаҳои ҳаҷвии  РосТА» плакатҳои солҳои 1919—21 эҷодкардаи рассомон ва шоирони систе­маи Агентии телеграфии Россия (РосТА). «Оинаҳои Роста» ҳамчун намуди санъати ташвиқотию оммавии махсус дар давраи ҷанги гражданӣ ва интервенсиям ҳарбии солҳои 1918—20 ба вуҷуд омад.

Плакатҳои ҳаҷвии тунду тез бо шеърҳои хурди фаҳмо душманони Республикаи ҷавони советиро фош карда, воқеаҳои муҳими онвақтаро тасвир ва телеграммаҳоеро, ки агентӣ ба газетаҳо мефиристод, бо суратҳо зинат медоданд. Плакатҳоро ба ғайр аз плакатҳои аввалине, ки бо даст кашида шудаанд, бо ёрии трафарет то 150 нусха зиёд карда дар витринаҳои Москва ва дигар шаҳрҳо мегузоштанд.

Аввалин «0инаҳои Роста»-р.о М. М. Черемных октябр 1919 тайёр намуд. Баъд ба ӯ В. В. Маяковский, И. А. Малютин, Д. С. Моор ва дигарон ҳамроҳ шуданд. Чунин «оинаҳо» дар Петроград, Украина, Боку, Саратов ва дигар шаҳрҳо мебаромаданд. «Оинаҳои Роста» барои ташаккули санъати тасвирии советӣ мавқеи калон доштанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …