Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оилаи забонҳо

Оилаи забонҳо

Оилаи забонҳо, маҷмӯи забонҳои хеш, ки аз як забони мабдаъ ба вуҷуд омадаанд. Масалан, забонҳои славянӣ, балтӣ, ҳиндӣ, эронӣ, германӣ, романӣ, арманӣ ва ғайра забонҳои хеш шуда, Оилаи забонҳои ҳиндуевропоиро (нигаред забондои ҳиндуевропоӣ) ташкил медиҳанд. Миқдори Оилаи забонҳо дар адабиёти илмӣ ҳар хел (20 ва аз он зиёдтар) қайд шудааст. Забонҳои ҳиндуевропоӣ, сомию ҳомӣ, кавказӣ, фину угорӣ, туркӣ, малаю полинезӣ ва ғайра Оилаи забонҳои калони дунё мебошанд.

Одатан, Оилаи забонҳо ба гурӯҳҳои нисбатан хурд — шохаҳои забонӣ ҷудо меша­ванд. Масалан, забонҳои эронӣ, славянӣ, германӣ, ҳиндӣ ва ғайра шохаҳои Оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ, забонҳои матруки мисрии қадим, қубтӣ, кушитӣ, чадӣ ва ғайра шохаи Оилаи забонҳои сомию домиро ташкил медиданд. Ҳар як шохаи забонӣ, чун қоида аз якчанд забон­ҳои ба ҳам наздик иборат мебошад.

Чунончи, ба шохаи забонҳои эронии Оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ гурӯҳи забон­ҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ дохиланд. Аммо забонҳои ҷудогона низ дастанд, ки як шохаи мустақили Оилаи забонҳоро ташкил мекунанд (шохаҳои албанӣ ва армании Оилаи забонҳои ҳинду­европоӣ). Дараҷаи хешии шохаҳои забонии Оилаи забонҳо  дар як поя нест. Дар байни баъзе шохаҳои забонӣ тафовути зиёд ба назар намерасад.

Ам­мо аксари шохаҳо аз ҳам чунон дур рафтаанд, ки муайян намудани хешии онҳо бо роҳи тадқиқи муқои- савию таърихӣ муяссар мегардад. Масалан, дар дохили Оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ шохаи эронӣ ва ҳиндӣ, славянӣ ва балтӣ ба ҳам наздиканд. Бино- бар ин онҳоро забонҳои ҳиндуэронӣ ва балтуславянӣ низ меноманд. Ба ҳамдигар наздик будан ё фарқи зи­ёд пайдо кардани забону лаҳҷаҳои Оилаи забонҳо  ба муҳити ҷуғрофӣ, тақдири таърихии соҳибони забон, дараҷаи таъсири мутақобили онҳо, сохти давлатдорӣ ва ғайра вобаста аст.

Тафовут ва монандии забонҳо дар дохи­ли Оилаи забонҳо ба таърихи забони мабдаъ низ сахт марбут аст. Забонҳое, ки дар гузаштаи наздик аз забони маб­даъ ҷудо шудаанд (масалан, бисёр за­бондои Оилаи забонҳои малаю полинезӣ, агарчи аз ҳам дар масофаи хеле дур ҷойгир шуда бошанд ҳам, мубодилаи афкор дар байни намояндагони ин забонҳо ба осонӣ муяссар ме­гардад), ба ҳамдигар хеле монанданд. Зиёд будани тафовути байни забонҳои ба ҳам хеш, баръакс нишон медиҳад, ки ба шохаҳо ҷудо шудани забони мабдаъ дар замони хеле қадим ба вуқӯъ пайвастааст.

Забонҳое низ мавҷуданд (забони бурушаскӣ, баскӣ, японӣ, шумерӣ ва ғайра), ки ба кадом Оилаи забонҳотааллуқ доштанашонро илми забоншиносӣ таъин накардааст. Аз аввали пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ масъалан ба ҳам монанд будани Оилаи забонҳои чудогона ба миён омад. Масалан, баъзе олимон Оилаи забонҳои фину угорӣ ва олтоиро ба Оилаи забонҳои уралию олтоӣ муттаҳид мекунанд ва тамоми забондои туркию муғулӣ, тунгусу манҷурӣ ва ҳатто забони кореиро ба он ҳамрод медонанд.

Ҳодисаи ба ҳам монанд будани Оилаи забонҳои фину угорӣ ва ҳиндуев­ропоӣ ҳам аз тарафи намояндагони забоншиносии муқоисавӣ баён шу­дааст. Дар солҳои охир забоншино­сии муқоисавӣ дар бисёр соҳаҳо (забоншиносии олтоӣ, картвелӣ, сомию ҳомӣ ва ғайра) ба дақиқ ва амиқ омӯхтани забонҳои мабдаи Оилаи забонҳои ҷудогона муваффақ шудааст.

Дар натиҷа, олимон дар асоси муқоисаи забон­ҳои мабдаи Оилаи забонҳои гуногун фарзияи дар замони хеле қадим аз як забони мабдаъ (фарзияи «забонҳои ностратӣ — «забонҳои хеш») пайдо шудани якчанд Оилаи забонҳои калонро ба миён гузоштаанд. Аз рӯи фарзияи мазкур Оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ, сомию ҳомӣ, уралию олтоӣ, картвелӣ, дравидӣ ва ғайра гӯё ба ҳам хеш буда, қаробати зиёде доранд.

Адабиёт: М е й е А., Введение в сравни­тельное изучение индоевропейских языков, Москва— Ленинград, 1938; Оранский И. М„ Введение в иранскую филологию, Москва, 1960; Дьяконов И. М., Языки древней Передней Азии, Москва, 1962; Илдич- С в и т и ч О. М., Опыт сравнения ностратических языков, том 1—2, Москва. 1971—76; Основы иранского языкознания. Древне­иранские языки, Москва, 1979; Основы иран­ского языкознания. Среднеиранские язы­ки, Москва, 1982.

Инчунин кобед

sadi

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. …