Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Оилаи хурд

Оилаи хурд

Оилаи хурд, шакли асосии ои­лаи ҳозиразамонест, ки ҷои оилаи калонро гирифтааст. Аз зану шавҳар, фарзандони хонадорнашудаи онҳо иборат буда, баъзан хешу табо­ри бепарасторро дар бар мегирад. Пайдоиши Оилаи хурд дар Осиёи Мнёна ба миёнаҳои ҳазораи 1 милод рост меояд. То Револбтсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба Оилаи хурд муносибатҳои падаршоҳӣ хос буд. Баъзе сардорони бои Оилаи хурд ду-се ва аз ин зиёд зан доштанд. Дар натиҷаи хоҷагии алоҳида ташкил надодани писарон Оилаи хурд ба оилаи калон табдил меёфт.

Дар байни тоҷикон ҳам Оилаи хурд шакли асосии оила мебошад. Одатан баъди чанд вақти тӯй падару модарон оилаи навро бо чизу чораи зарурӣ таъмин карда, хоҷагиашро чу­до мекунанд. Дар аксарияти оилаҳо баъди хонадор шудан хоҷагии писари худро чудо намекунанд. Агар ка­се хонадомод кунад, оилаи нав дар ҳавлӣ (хона)-и хусур ва хушдоман зиндагӣ мекунад (нигаред низ Никоҳ,Оила)

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …