Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Оилаи калон

Оилаи калон

Оилаи калон, ҷамоаи  оила. яке аз ячейкаҳои асосии хоҷагӣ ва иҷтимоии давраи заводи сохти ҷамоаи ибтидоист; шакли таърихии ои­ла. Хешу табори тарафи падар, аҳли оилаи он, аз ҷумла духтарони хона ва наберадоро дар бар мегирифт. Одатан 3 ё аз ин зиёд авлод Оилаи калонро ташкил медод. Шумораи аъзои Оилаи калон ба 20—30 нафар мерасид ва дар баъзе мавозеъ бештар аз 100 кас буд. Асоси иқтисодии Оилаи калонро воситаҳои истеқсоли он: замин, чорвои умумӣ ташкил медод.

Гамоми боигарӣ ва даромади аъзои оила умумӣ буд. Дар coҳаи истеъмол ҳам аъзоёни Оилаи калон баробар буданд. Оилаи калони муқимӣ дар ҳавлиҳои калон ва бодиянишин дар каппақо зиндагӣ мекарданд ва дар дар як оила барои зану шавҳар ҷои муайяне ҷудо кар­да мешуд. Байни аъзоёни оила муносибати падаршоҳӣ ҳукмрон буд. Шахси кӯхансолтарин (дар баъзе оилаҳо мӯътабартарин) сардори оила ҳисоб меёфт. Ӯ ба хоҷагии оила сардорӣ мекард. Рӯзғори оиларо ёрдамчии сардор — зани солхӯрда (аксар завҷаи сардори оила) идора мекард. Ҷавонон мувофиқи синну сол ба навбат зан мегирифтанд.

Аксарияти ҷавонони аҳолии муқимӣ ва ниммуқимӣ ба хешу табори худ хо­надор мешуд. Ҳамаи хароҷоти тӯй ва қалин аз ҳисоби умумӣ буд. Оилаи калон дар давраҳон гуногун байни ҳамаи халқҳои ҷаҳон вуҷуд дошт. Оилаи калон дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Ми­ёна, хусусан дар Осиёи Миёна, дар ҳазораи 1 то милод шакл гирнфта, дар шаҳрҳо асри 5 ва дар байни аҳолии бо- диянишин асрҳои 10—12 хеле паҳн шуд.

Баробари хариду фурӯш ва истеҳсоли маснуот Оилаи калон барои бозор ҳам маҳсулот таиёр мекардагӣ шуд. Аъзоёни ҷамоаи оила имконияти пул ёфтанро ба даст оварданд. Дар натиҷа одамони алоҳида соқиби мо­лу мулки шахсӣ шуданд, ки дар ин ҷараён занҳо низ иштирок доштанд. Дар натиҷаи пайдоиши молу мулки шахсӣ, баъдтар моликияти хусусӣ таназзули Оилаи калон cap шуд.

Дар Эрон ва Осиёи Миёна аз охири асри 5 ҷои Оилаи калонро оилаи хурд гирифт. Вале дар ба­робари оилаи хурд дар районҳои аз марказҳои маданӣ дур ва аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда Оилаи  калон то охири асри 19— аввали асри 20 вуҷуд дошт. Дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна дар баробари ба районҳои дурдаст паҳн шудани муносибатҳои молию пулӣ пояи Оилаи калон бениҳоят суст шуда, оилаи хурд ба ячейкаи асоси табдил гашт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …