Маълумоти охирин

Оила

Оила шакли умумияти одамон аст, ки муносибатҳои зану- шавҳарӣ ва хешутабориро дарбар мегирад. Карл Маркс ва Фридрих Энгелс оиларо ҳамчун муносибати байни зану шавҳар, волидайн ва фарзандон муайян кардаанд» (К. Маркс и Фридрих Энгелс Сочинение том 3, саҳифаи 27). Никоҳ асоси ҳуқуқии Оила аст.

Пайдоиши Оила зуҳуроти табиию таърихист. Таърихи инсоният ду шакли Оиларо медонад: п о л и г а м ӣ (гурӯҳӣ) ва моногамӣ (якканикоҳӣ). Моногамия шакли баландтарини оиладорист. Хусусияти Оила ба тарзи муайяни истеҳсолот, характери муносибатҳои истеҳсолӣ ва дараҷаи инкишофи тамаддуни ҷамъиятӣ вобаста аст.

Пайдоиши моликияти хусусӣ, синфҳою муносибатҳои синфӣ бониси ташаккули Оилаҳои моногамӣ гардидааст. Масъалаи ғун намудани сарват омили асосии устуворгардии Оилаҳои моногамӣ буд. Дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр типи сифатан нави Оила ба миён омад.

Сотсиализм асосҳои иқтисодӣ, ахлоқию хуқуқӣ ва муносибати аъзоёни Оиларо ба тартиб оварда, табиати онро ба кулли тағйир дод. Акнун манбаи асосии фаъолияти Оиларо даромади меҳнатии аъзоёни он ташкил медиҳад. Сарватҳои меҳнатии Оила мувофиқи талаботи аъзоёни он тақсим мешаванд. Дар айни ҳол аз он барои аъзоёни қобили меҳнат набудаи Оила ҳисса ҷудо карда мешавад.

Аз тарафи ҷамъият ба зимма гирифтани парастории ҳаматарафаи кӯда- кон, пиронсолон ва маъюбон кору ташвиши Оиларо сабук мекунад. Қонунияти (мазкур ба афзудани мустақилияти иқтисодии аъзоёни оила, баробарии комили байни зану шавҳар, ҷавонон ва пирон, падару модарон ва фарзандон оварда мерасо­над.

Фароҳам овардани чунин шароит ба маҳви хурофотҳои оилавӣ (муносибати бою феодалӣ нисбат ба зан, бемасъулиятӣ дар оила ва ғайра) мусоидат мекунад. Боқӣ мондани вазифаи хоҷагию истеҳсолии Оила дар замони сотсиализм низ мероси замони гузаштаи он аст. Афзудани даромади аҳолӣ аз ҳисоби хочагиҳои ҷамъиятӣ ва баланд шудани мақоми хизматрасонӣ боиси барҳам хӯрдани вазифаи мазкури Оила мегардад.

Аммо қонунияти мазкур просесси дуру дароз буда, фароҳам овардани заминаҳои махсуси моддӣ ва иҷтимоиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, дар рафти сохтмони коммунизм партия ва ҳукумат барои хоҷагиҳои хонагиро ба истеҳсолоти калони ҷамъиятӣ табдил додан чораҳои зарурӣ меандешанд.

Афзудан ва васеъ намудани хизматрасонии ҷамъиятӣ, ба ховагии калони механиконидашуда табдил додани сети хизмати маишӣ, барои таъмини баробарии ҳақиқии ҷинсҳо, афзудани дараҷаи маънавӣ ва муносибатҳои мустаҳками аъзоёни Оила тамоми шароитро фароҳам меоварад. Бар хилофи Оилаҳои буржуазӣ вазифаи муҳимтарини ҷамъиятин Оилаи сотсиалистӣ тарбияи нас­ли наврас аст.

Мавҷудияти фарқияти иҷтимоӣ, инчунин гуногунии дараҷаи мада- ниятнокӣ ва маънавии аъзоёни ҷамъият боиси нобаробарии тарби­яи насли наврас дар Оилаҳо мегардад.

Нобаробарии иқтисодии Оилаҳо но­баробарии инкишоф додани қобили- ят ва тарбияи кӯдаконро дарбар мегирад. Дараҷаи пасти маданият ва ахлоқ дар баъзе Оилаҳо боиси тарбияи нодурусти фарзандон мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки ҷамъият ба тарбияи бемайлони ҷамъиятии насли наврас аҳамияти калон медиҳад.

Дар баробари ин аз саҳми Оила ва методҳои гуногуни тарбиявии он сарфи назар карда намешавад. Аз ин рӯ, инкишофи тарбияи ҷамъиятӣ (васеъ намудан» доираи муассисаҳои томактабӣ, хонаи пионерон, мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои кӯдакона) ва оилавӣ зарур аст. Бемайлон бартараф намудани маҳдудиятҳои оилавӣ ва таъмин намудани таносуби дурусти тарбияи Оила ва ҷамъият имкон медиҳад, ки тарбияи насли наврас дуруст ба роҳ монда шавад.

Мувофиқи маълумоти барӯйхатгирии соли 1979 дар СССР 122,6 миллион марду зан дар ақди никоҳанд. Аз 66,3 миллион Оила 29,7%- — 2 нафарӣ, 28,9% —3 нафарӣ, 23% —4 нафарӣ, 18,4% — 5 нафарӣ ва зиёдтар мебошанд.

Дар шароити сотсиализм муносибатҳои оилавию никоҳиро давлат танзим мекунад. Оила дар паноҳи давлат аст. Давлат дар ҳаққи оила бо роҳи барпо намудан ва зиёд кар­дани муассисаҳо, ташкилотҳои  бачагона ва такмил додани хизмати маишӣ, ёрдампулию мададрасони ғамхорӣ мекунад (Конститутсия (қонуни асосии) СССР, Душанбе, 1977, саҳифаи 18). Бо мурури ба фазаи олии ҷамъияти коммунистӣ гузаштани одамони совеӣ дахолати давлат ба Оила аҳамияти худро гум мекунад. Оилаи коммунистӣ типи олии муносибатҳои заношӯй ва мустаҳкамтарину хушбахтарин хоҳад шуд.

Адабиёт: Вне рабочее время и его исполь­зование. Социология СССР, том 2, Москва, 1966; Строительство коммунизама и развитие общественных отношений, Москва, 1966; Харче в А. Г., Быт и семья в социалисти­ческом обществе, Ленинград, 1968. Некоторые во­просы теории научного коммунизма. Душанбе. 1971.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …