Оҳуи Мусиқор

Оҳуи Мусиқор (соли тавалд ва вафот номаълум), навозанда, ҳофиз ва бастакори охири асри 16 — аввали асри 17 тоҷик. Дар Бухоро таваллуд ёфта, илмҳои мусиқӣ, бадеъ, муаммо, фалсафа ва табииётро омӯхт. Оҳуи Мусиқор муддате дар ҳузури мусиқидони номии Бухоро Муҳаррами Ҷанги таркиботи илмию амалии мусиқиро аз бар кардааст.

Оҳуи Мусиқор барои такмили ҳунар ба Ҳирот рафта бо устодони мусиқии он ҷо ҳамкорӣ кард. Махсусан аз мусиқидони номии Ҳирот Устод Шамсуддини Ҳиравӣ санъати мусиқӣ омӯхт. Ӯ дар усули мақомҳои «Ушшоқ», «Бузург» ва «Кӯчак» асарҳои тоза эҷод кард, ки «Нақши Оҳу», «Амали Мусиқор», «Савти Ушшоқ» ва ғайра аз ҷумлаи онҳост. Бисёр мусиқидонони Бухоро аз ӯ таркиботи созу овозро омӯхтаанд. Дарвешалии Ҷангӣ чанд асари хешро бо тавсияи у тасниф карда­аст. Оҳуи Мисқор дар поёни умр ба зодгоҳаш баргашта, он ҷо аз олам даргузашт.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

nophoto

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), хушнависи асри 17 форс. Па­дараш Мирзо Абутуроб хушнависи …