Маълумоти охирин

Оҳӣ Мавлоно

Оҳӣ Мавлоно Султоналибеки Туршезй (соли таваллуд номаълум — вафот 1521), шоири форс-тоҷик. Зодгоҳаш Туршез. Марди ошиқпеша ва сӯфи- машрабе буда, дар ибтидо бо тахаллуси «Наргисӣ» шеър мегуфтааст. Девоне иборат аз ғазалу рубоӣ мураттаб сохтааст.

Дар ашъори лирикии Оҳӣ хусну ҷамоли маъшуқа, маю соқиву мутриб, ишқу вафодорӣ, яъси фироқу умеди висол баён шуда, ӯ гоҳо аз замону зиндагӣ шиква ҳам кардааст. Нусхаи девони Оҳӣ (таҳти рақами С 99) дар китобхонаи Шуъбаи ленинградки Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР маҳфуз аст, ки дар ибтидои асри 16 китобат шудааст. Нусхаи дигари девонаш дар Музеи Британия нигаҳдорӣ мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …