Главная / Гуногун / Оҳанубетон

Оҳанубетон

Оҳанубетон, масолехи биноко­рии сунъиест, ки аз бетон ва арма- тураи пӯлодӣ иборат мебошад. Дар конструксияҳои аз Оҳанубетон тайёр кардашуда мустаҳкамии бетон ба фишуриш ва мустахкамии арматура ба кашиш самаранок истифода меша­вад. Истифодаи якҷояи ин ду масолеҳи хосияташон басо мухталиф бар инҳо асос ёфтааст: коэффисиент и васеъшавии хосияташон хаттии бе­тон ва арматура қариб як хел аст; бетон арматураро аз коррозия (занг- занг) ва тез гарм шудан (то 100° Селсия) химоя мекунад; бетон ҳангоми сахт шудан ба арматура мазбут мечаспад. Оҳанубетон ба туфайли бақодорӣ, оташ- бардорӣ, нисбат ба таъсири омилҳои атмосферӣ мустаҳкам ва ба таъсироти динамикӣ (аз он ҷумла, сейс­микӣ) тобовар буданаш дар бино­корӣ ва сохтмон маъмул гаштааст.

Ба сабаби он ки моддахои пуркунандаи таркиби Оҳанубетон (шағал, сангреза, peг) дар ҳама ҷо мавҷуданд, Оҳанубетонро амалан дар ҳамаи маҳалҳо истифода бурдан мумкин аст. Ҷихати номатлуби Оҳанубетон ин аст, ки вай мекафад ва дар сатҳи конструксия тарқишҳо пайдо мешаванд. Сабаби ин кам будани мустаҳкамии бетон ба кашиш (назар ба фишуриш 10—20 маротиба кам) мебошад. Чунин но­расоии Оҳанубетонро дар просесси тайёр кардани конструксия бо роҳи сунъӣ фишурдани бетони арматурадор бартараф мекунанд. Ин гуна Оҳанубетонро Оҳанубетони пешакӣ шиддатдодашуда ме­номанд. Зимни чунин чораҷӯи мазбутии конструксия зиёд ва эҳтимоли кафидани oн кам мешавад ва сарфаи пӯлоду кам кардани арзиши конструксияро имконпазир месозад. Оҳанубетонро боғбони франсавӣ Ж. Моне соли 1867 ихтироъ кардааст.

Дар Осиёи Миёна устодои тоҷик аз қадим ба сифати масолеҳи часпон соруҷ (лои хокистару оҳак)-ро истифода мебурданд. Барои пешгирӣ кар­дани нишасти бино ё девор ба лой одатан коҳ илова мекарданд ё синҷ мекашиданд. Дар би нокорӣ асосан Оҳанубетон бо бетони вазнин тайёршуда (зичиаш 1800—2500 килограмм/метр3) ва Оҳанубетони бо бетони пуркунандаҳояш ковок тайёршуда (зичиаш то 1500 килограмм/метр3) истифода мешавад. Дар мавридҳои махсус барои Оҳанубетон бетонҳои оташбардор, кислотабардор ва ғайраро истифода мебаранд.

Дар Тоҷикистон заводҳои саноати бинокорӣ (дар Душанбе, Ленинобод ва ғайра) ҳар сол қариб 1 миллион метри мукааб Оҳанубетони васлшаванда истеҳсол мекунанд (соли 1982). Истифодаи Оҳанубетон дар Тоҷикистон ба омилҳои табиии маҳал: зилзиланокӣ, иқлими гарму хушк, хокҳои суст, роҳҳои кӯҳӣ ва ғайра алоқаманд мебошад. Дар чунин шароит истифодаи Оҳанубетони сабук (бо пуркунандаҳои ковок), якҷоя исти­фода бурдани Оҳанубетони васлшавандаву яклухт (монолитӣ), сохтани конструксияҳои фазоии зилзилабардор, татбиқи усулҳои пешқадами тайёр кардану нигоҳубини Оҳанубетон (алалхусус, дар тобистон) салоҳ аст. Инкишофи минбаъдаи Оҳанубетон ва вусъати истифодаи он ба гузарондани тадқиқоти васеи илмӣ вобаста аст. Нигаред низ Конст­руксияҳои, оҳанубетонӣ.

Адабиёт: Берг О. Я., Физические основы теории прочности бетона и железобето­на, Москва, 1961; Развитие бетона и железо­бетона в СССР, под редактированием К. В. Михай­лова. Москва, 1969.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

mugsu

МУҒСУ

МУҒСУ, дарёест дар pайони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз як шудани дарёҳои Селдара ва …