Оҳанг

Оҳанг, нағма, навои мусиқист. Овозҳои бо тарзу услуби муайян ҷойгиршудае, ки асоси ягон асари мусиқиро ташкил дода, сохти пардавӣ, гармония, зарб, вазн ва ҷузъҳои композисияи мусиқиро бо ҳам муттақид менамоянд.

Оҳанг одатан ба рукнҳои шеъри мувофиқ омада, воситаи асосии сохтани таркиби нағма ва навои муайян ба шумор меравад. Дар мусиқии халқҳои форс-тоҷик порчаҳои навои мусиқиеро, ки дорои матн мебошанд, Оҳанг меноманд. Дар мусиқии Ҳинд овозҳои мусиқиро о ҳ а н г и т меноманд. Дар байни халқ Оҳанг ба маънои суруд, мақом, наво низ кор фармуда мешавад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

nophoto

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ — (1282, Омул, Мозандарони Эрон — 1349, ҳамон ҷо), мусиқишиноси форс-тоҷик. Аввал дар …