Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оҳаксанг

Оҳаксанг

Оҳаксанг, ҷинси кӯҳин таҳшинист, ки асосан аз калсит СаСОз ва баъзан аз арагонит иборат аст. Таркибаш аксариат омехтаҳои доломит, кварц, минералҳои гилдор, оксидҳо, гидрооксидҳои оҳан, манган, инчунин марказит, фосфатҳо, гаҷ, моддаҳои органикӣ ва ғайра дорад. Таркиби химиявии Оҳаксанги тоза ба таркиби калсит (56% СаО ва 44% СОг) наздик аст. Агар Оҳаксанг 4—17%’ MgO дошта бошад, онро Оҳаксанги доломитгашта, 25— 50% зарраҳои гилӣ дошта бошад, мергел меноманд.

Бури табиии 96— 99%* СаСОз дошта низ Оҳангсанг аст. Дар просесси метаморфизм Оҳаксанг ба мармар табдил меёбад. Оҳаксангҳо вобаста ба андозаи донаҳои таркибашон гуногун ва аз рӯи сохт кристаллӣ, органогенӣ, шикастапора ва омехта меша­ванд. Оҳаксангҳо бештар қабат-қабат мехобанд. Оҳаксанги органогенӣ аз чамъ шу­да мондани боқимондаҳои органикӣ, Оҳаксанги хемогенӣ бо роҳи аз маҳлулҳо такшон шудани калсит ва Оҳаксанги ши­кастапора дар натичаи ҷамъ ва шах шуда мондани шикастапораҳои оҳаксангҳои қадима ба вуҷуд меоянд. Оҳаксанг дар шакли қабатҳои ғафс (аз садҳо то ҳазорҳо м) дар таҳнишастҳои тамоми системаҳои геологӣ (аз токембрий то антропоген) вомехӯрад. Дар Тоҷикистон Оҳаксанг бештар дар қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисор ва каторкӯҳҳои Дарвозу Помир вомехӯрад.

Дар хоҷагии халқ Оҳаксанг аҳа­мияти калон дорад. Аз он оҳак, се­мент тайёр мекунанд. Дар сохтмони корхонаҳои саноатӣ, манзилгоҳ ва роҳҳо ҳамчун санг, шағал, сангҳои рӯйкашию ороишӣ ба кор меравад. Оҳаксангро дар саноати химия (барои тай­ёр кардани соҳа, карбиди калсий, нурии минералӣ ва ғайра), металлургия (ба сифати флюс), полиграфия (ба­рои сохтани сангҳои литографӣ), саноати шишa, хӯрокворӣ (барои софкории шарбати лаблабуи қанд) ва ғайра фаровон истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …