Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оҳакандозӣ

Оҳакандозӣ

Оҳакандозӣ, ба замин андохтани оҳак ва дигар нуриҳои оҳакдор бо мақсади бартараф кардани туршии барзиёд, ки барои нумӯи бештари зироатҳои хоҷагии қишлоқ зарарнок аст; усули мелиорасияи химиявии хоки турш. Оҳакандозӣ процсессест, ки дар натичаи он дар хок ионҳои гидрогену аллюминий ба ионҳои калий ва магний иваз меша­ванд. Ҳангоми Оҳакандозӣ дар натиҷаи рафъ гардидани туршии хок ва зиёд шу­дани миқдори калсий фаъолияти микроорганизмҳои муфид авҷ мегирад. Дар натиҷаи ин хок аз моддаҳои ғизоии барои растани дастрас бой гардида, хосияти физикии он беҳтар мешавад. Оҳакандозӣ нуриҳои органи­кӣ ва минералиро самарабахштар менамояд.

Оҳакро одатан ба заминҳои хокаш хокистарӣ, чимтолу хокистарӣ, торфхок ва баъзан ба хоки  хокистарранги ҷангал ва сурххок меандозанд. Меъёри истифодаи оҳак аз рӯи туршии ҳок, таркиби механикии он ва хусусиятҳоя зироат муқаррар карда мешавад. Оҳакандозӣ барои сабзишу нашъунамои аксари зироатҳои хоҷагии қишлоқ аҳамияти калон дорад. Дар на­тичаи Оҳакандозӣ ҳосили зироат хеле зиёд мешавад (дар СССР ба ҳисоби миё­на сенр/гектар): ғалладона (дон) 0,5—4; лӯбиёиҳо (дон) 1—3; лаблабӯи хӯроки чорво 30—60; картошка 5—15; зағирпоя 1—3; себарга 7—15; карам 30—70; сабзӣ 15—45. Барои мувофиқи план ташкил намудани Оҳакандозӣ тадқиқи махсуси хок, дар саҳро гузаронидани таҷрибаҳоро ба роҳ монда, картограммаи туршии хокро тартиб медиҳанд.

Адабиёт: Авдонин Н. С., Повышение плодородия кислых почв, Москва, I960; К о р нилов М. Ф., Трунина 3. В., Из­весткование кислых почв, Ленинград, I960; Ш е деров С. Г.. Известкование кислых почв. Москва. 1960.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …