Маълумоти охирин

Оғузҳо

Оғузҳо, оғуз, ғӯзҳо, ӯғузҳо, қабилаҳои туркизабон дар Оси­ёи Марказӣ ва Миёна. Дар ибтидои асри 7 дар ҳайати Хоқонии турк иттифоқи қабилавии тӯқуз-оғуз ба вуҷуд омад, ки дар он уйгурҳо, зоҳиран мавқен асосӣ доштанд. Оғузҳо дар асри 9 дар натиҷаи тазйиқи қирғизҳо ба территорияи ҳозираи Синсзян ва музофоти ҳозираи Гансу и Респубдикаи Халқии Хитой муҳоҷират карданд.

Дар ин ҷо номи «тӯқуз-О» тадриҷан бо этноними уйғур иваз шуд. Охири  асри 9 — миёнаи асри 10 дар соҳилҳои Наздиарал ва Наздикаспий низ иттифоқи Оғузҳо фароҳам омад. Асри 10 дар поёноби дарёи Сир давлати Оғузҳо бунёд ёфт (марказаш Янгикент). Дар миё­наи асри 11 қипчоқҳои аз Шимол омада ин давлатро торумор карданд. Қисме аз қабилаҳои Оғузҳо ба Ғарб рафта, дар даштҳои Рус маскун шуданд; қисми дигарашон бо сарварии салҷуқҳо кишварҳои Осиёи Пешро истило намуданд. Дертар давлатҳои зиёде (давлати Салҷуқиён, султонии Икония ва ғайра) ба вуҷуд омаданд. Оғузҳо дар этногенези туркманҳо, озарбойҷониҳо, туркҳо, инчунин гагаузҳо ва қарақалпоқҳо роли муҳим бозидаанд.

Адабиёт: А г а д ж а н о в С. Г.. Очерки ис­тории огузов и туркменов Средней Азин IX—XIII вв., Ашхабад, 1969.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …