Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Ограков Николай Васильевич

Ограков Николай Васильевич

Ограков Николай Васильевич (таваллуд 30. 10. 1917, деҳаи Молоково, ҳозира pайони Молоковскии вилояти Кали­нин), ҳодими ҳарбӣ, Маршали Ит- тифоқи Советӣ (1977). Аъзои КПСС аз соли 1945. Дар Армияи Сурх аз соли 1938. Академияи ҳарбии ин­женерии ба номи В. В. Куйбышев (1941) ва Академияи ҳарбии Штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР-ро (1959) хатм кард.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) дар фронтҳои Ғарбӣ, Карелия ва 3-юми Украина инженери полк ва бригада (1941—42) ёрдамчии сардори штаби қӯшунҳои инженерии армия (1942—43), ёрдамчии сардори шӯъбаи опе­ративии Штаби қӯшунҳои инжене­рии Фронта Карелия (1943—44), инженери дивизия (1944—45).

Баъди ҷанг дар вазифаҳои масъули штаб буд. Аз ноябр 1955 — ҷонишини сар­дори штаби Округи ҳарбии Шарқи Дур. Аз декабри 1959 фармондеҳи дивизияи мототирандозӣ, аз декабр 1961 сардори штаб — ҷонишини 1-уми фармондеҳи қушунҳои Округи ҳарбии Белоруссия, аз декабр 1965 фармондеҳи қӯшунҳои округи ҳарбии Приволжия. Аз апрели 1968 ҷонишини 1-уми сардори Штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР.

Аз соли 1977 сардори Штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР. Соли 1974 ҷонишини вазир ва аз соли 1977 ҷониши- ни 1-уми вазири мудофиаи СССР. Аз соли 1966 номзад ба аъзои КМ КПСС, аз 1971 аъзои КМ КПСС. Депутати Советӣ Олии СССР (даъватҳои 7— 11). Бо орденҳои Байрақи Сурх Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1, 2), 2 opдени Ситораи Сурх ва медалҳо, ин чунин бо 5 ордени давлатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …