Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Огнев Владимир Фёдорович

Огнев Владимир Фёдорович

Огнев Владимир Фёдорович (таваллуд 7. 7. 1923, Полтава), адабиётшинос ва мунаққиди советии рус. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945); Институ-ти адабиёти ба но­ми М. Горкийро тамом кардааст. Огнев асосан бо масъалаҳои таърих ва назарияи шеъри муосир, адабиёти халқҳои СССР ва мамлакатҳои сотсиалистӣ машғул буда, мақола ва асарҳояш бештар дар шаклҳои илмию оммавӣ, илмию публисистӣ, публисистии бадеӣ ба табъ мерасанд.

Дар бораи симоҳои барҷастаи назм Э. Межелайтис, Р. Ҳамзатов, М. Турсунзода, Ю. Марсивхявичюс, И. Абашидзе, шоирони ҷавони Назди Балтика, Закавказия ва Осиёи Миёна мақола ва китобҳо дорад. Сарсухани мунтахаботи дуҷилдаи шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода (Москва, 1971) ба қалами ӯ мансуб аст.

Муҳимтарин китобҳояш инҳоянд: «Назм ва замони ҳозира» (1961), «Китоби оид ба шеър» (1963), «Ра­сул Ҳамзатов» (1964), «Дар назди харитаи назм» (1968), «Ташаккули истеъдод» (1972), «Панҷ дафтар Этюддо оид ба адабиёти мамлакат­ҳои сотсиалист» (1975), «Қиссаи Монивила ё Кохи ёдгор ба шоири номаълум» (1975), «Рӯзномаи Югос­лавия» (1975), «Этюдҳои Гурҷистон» (1976) ва ғайра Муаллифи сенарияи филмҳои бадеии «Шабҳои бехобӣ», «Ҳоҷӣ Мурод» (ҳарду 1966), мақолаву китобҳо дар бораи кино («Экран — поэзияи фактҳо» (Москва, 1971) ва повестҳои «Кабуд, сурх, кабуд…» (1971), «Себҳои сурх» (1978), «Уфуқ- ҳои назм» (Мунтахаби осор дар ду ҷилд, Москва, 1982) мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …