Маълумоти охирин

Огаҳӣ

Огаҳӣ (тахаллус; номаш Myҳаммадризо ибни Эрниёзбек; 1809, деҳаи Қиёти иазди Хевя —1874), шоири ӯзбек, муаррих, олим ва тарҷумон. Мадрасаро хатм кардааст. Забонҳои арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва туркиро хуб медонист. Аз Огаҳӣ девони ашъор бо номи «Таъвиз-ул-ошиқин» (9000 байт, нашр 1905, 1909, Хева), якчанд асари таърихӣ — «Риёз-уд- давла» (1844), «Зубдат-ут-таворих» (1846), «Ҷомеъ-ул-воқеоти султонӣ* (1857), «Гулшани давлат» (1865) ва ғайра боқӣ мондаанд.

Дар «Таъвиз-ул- ошиқин» 1080 мисраъ шеъри тоҷикии Огаҳӣ зери унвони «Ашъори фор­сӣ» дарҷ ёфтааст. Қисми асосии девони Огаҳиро ғазал ва мухаммас ташкил медиҳад. Огаҳӣ дар ғазалҳояш рӯҳониёни иртиҷоӣ, урфу одатҳои зарарнокн диниро танқид кардааст. Мавзӯи ишқу муҳаббат дар ашъори Огаҳӣ бо оҳангу мазмунҳои тоза садо медиҳад.

Ғазалҳои Огаҳӣ ба оҳанги «Шашмақом» дароварда шудаанд. Огаҳӣ аз осори адабию таърихии форс-тоҷик «Зафарнома»-и Шарафуддини Алии Яздӣ, «Тазкираи Муқимҳои»-и Муҳаммадюсуфи Муншӣ, «Равзат-ус- сафои Носирӣ»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Шоҳу гадо*-и Ҳилолӣ, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Кошифӣ ва ғайраро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Шаш ҷилд «Асарҳои мунтахаб»-и Огаҳӣ интишор ёфтаанд (Тошкент, 1971—74).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …