Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Офтобгардак

Офтобгардак

Офтобгардак (Agamidae), номи муштараки оилаи калтакалосҳо. Са­ри Офтобгардак бо лавҳачаҳои майда пӯшида шудааст; пойҳои боқуввату тезҳаракат ва думи дароз дорад. Офтобгардак аз ҳаяҷон ё гармӣ рангашро тағйир дода метавонад. Қариб 35 ҷинси Офтобгардак (аждар, калотҳо, лӯндасаракҳо, офтобгардак, хордум ва ғайра), ки қариб 300 намудро дарбар мегирад, дар Афри­ка (ғайр аз Мадагаскар), Европаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Австралия, Гвинеяи Нав, зиндагӣ мекунад. Дар СССР 13 намуди Офтобгардак аз 2 ҷинс (офтобгардак ва лӯндасарак) ҳаёт мегузаронад. Аксари Офтобгардак ҳашарот ва баъзе намудашон растанӣ мехӯранд.

Ҷинси о фтобгардак (Agaта). Қариб (60 намудаш дар Африка, қисми ҷануби ғарбии Осиё ва Европаи Ҷанубӣ паҳн шудааст. Дар СССР 7, аз ҷумла дар Тоҷиккстон 5 намудаш (A. sanguinolenta, A. himalayana, A. caucasica, A. lehmanni, A. pawlows- kii) зист «мекунад. Дар ноҳияҳои биёбону нимбиёбони Осиёи Миёна ва Закавказияи Шарқӣ A. sanguinolen- la ва ноҳияҳои кӯҳии ин маҳалҳо бошад, A. lehmanni ва A. pawlowskli бештар паҳн шудаанд.

Ҷинси лӯндасарак (Phryno- cephalus). Қариб 45 намуди ин ҷинс дар қисми ҷануби шарқии Европа ва Осиё паҳн шудааст. Дар СССР қариб 7 ва дар Тоҷикистон 5 намуди (Ph. mystaceus, Ph. helioscopus, Ph. reticulatus, Ph. guttatus, Ph. raddei) маълум аст.

Адабиёт: Чернов С. А., Фауна Таджик­ской Сооветской Социалистической Республики, том 18, Пресмыкающиеся, Душанбе, 1959; Б а н н и к о в А. Г. (ва дигар, Зем­новодные и пресмыкающиеся Союза Советских Социалистических Республик, Москва, 1971.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …