Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Офталмология

Офталмология

Офталмология (аз юнонӣ офталмо…— чашм ва …логия), як соҳаи тиббӣ клиникиро гӯянд, ки узви босираро дар ҳолати ҳам мӯътадил ва ҳам патологӣ меомӯзад; ба маънои маҳдудаш таълимотест дар бораи бе­мориҳои чашм. Дар бораи чашм ва бемориҳои он дар рисолаҳои тиббии қубтиёни қадим (3000—2000 сол пеш аз милод) ва дар асарҳои табибони Юнони Қадим, Ҳинду Чин ишора меравад. Дар асарҳои Буқрот Офталмология чун илм зикр ёфта буд. Дар асрҳои миёна дар давраи нашъу намои маданияти маънав Офталмология боз ҳам тараққӣ кард. Дар асарҳои олимони арабу тоҷик- забони ин давр то 150 намуди бемориҳои чашм нишон дода шудаанд.

Масалан, дар «Ал-Қонун»-и Ибни Сино конъюиктивити римдор, катаракта, глаукома, трахома, гемералопия (шабкӯрӣ) барин бемориҳои чашм тавсифу тавзеҳ ёфтаанд. Дар Евро­па, Офталмология чун соҳаи мустақили тиб асосан дар ибтидои асри 19 ба вуҷуд омад. Дар охири асри 19 сироятӣ будани як қа- тор бемориҳои чашм ошкор карда шуд Офталмология дар асри 20 бо усулҳои нави муоссири ташхиси инструменталӣ (биомикроскопия, рентгенографияи чашм, электродиагностика, ангиогра­фияи флюорессенгӣ ва г.) мусаллад гардид; усулдои дуруст кардани ано­малиям рефракциям чашм (нигаред Ай- нак) мукаммал гардиданд, ҷарроҳии қарнияи чашм (кератопластика), микрохирургиям чашм, терапияи лазерӣ ва ғайра кор карда шуданд.

Дар Россия аввалин табобатгоҳи  чашм соли 1805 дар Москва таъсис ёфт. Соли 1918 дар Петербург аввалин ка­федраи бемориҳои чашм дар назди Академияи тиббию ҷарроҳӣ кушода шуд. Дар тараққиёти Офталмологияи ватанӣ олимон М. И. Авербах, В. П. Фила­тов, Л. Л. Гиршман, Э. В. Адамюк, А. В. Иванов, ва дигар саҳми босазо гузоштаанд. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ як қатор институтҳои тадқиқоти илмии офталмологӣ, инчунин Ҷамъияти умумииттифоқии илмии офталмологҳо (1937) таъсис ёфтанд. Масъалаҳои Офталмология дар журналҳои «Вестник оф­тальмологии» (1937), «Офтальмологи­ческий журнал» (1946) нашр мешаванд.

Дар Тоҷикистон аввалин клиникаи чашм ва аввалин диспансери рес­публикавии трахоматозӣ дар ибтидои солҳои 30 дар Сталинобод ташкил шу­да буданд. Тараққиёти Офталмология дар рес­публика бо номи Л. Ф. Парадоксов алоқаманд аст. Бо иштироки бевоситаи ӯ омӯзиши бемориҳои чашм (конъюнктивити опидемӣ, трахома, травматизм ва ғайра) равнақ ёфтаанд.

Дар айни замон чунин сабабҳои нобиной ба монанди сифилис, бленно­рея, нағзак, трахома ва ғайра барҳам дода  шудаанд, Дар клиникаи чашми Институти давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои глаукома, трав­матизм, патология ва адаптасияи (одаткунонии) чашми солим ва бемор ба шароитҳои баландкӯҳ ва ғайра чорабиниҳои табобатию тадқиқотҳои илмӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Дар айни замон дар республика 10 диспапсер ва 3 шӯъбаи чашм дар назди беморхонаҳо (1978) амал ме­кунанд. Офталмологҳои республика дар Ҷамъияти офталмологҳои тоҷик (таъсисаш 1940) муттаҳид гаштаанд.

Адабиёт: А нерва х М. И., Офтальмоло­гические очерки, Москва, 1949 Гефт В. Б Краткий очерк истории развитии глазной помощи в Таджикистане, «Здраво­охранение Таджикистана», 1955, в. 5; Архангельский В. Н. Глазные бо­лезни, Москва, 1969.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …