Маълумоти охирин

Офорт

Офорт (аз франсавӣ eau-forte — туршиҳои нитрогенӣ), як навъи маъмули ҳаккокӣ дар фулузот, Ки тасвирро бо ёрии туршиҳо (кислота) меофаранд. Рӯи мис ё сурби суфтаро пок мекунанд. Сипас, бо ёрии сӯзани ҳаккокӣ нақш мебароранд ва ба рӯи он турши мерезанд. Ҷои нақш аз таъсири туршӣ чуқуртар шуда. тасвир ҳосил мегардад. Баъд ба чуқуриҳо ранг пур карда, тавассути фишор аз он нусха мебардоранд.

Ин усулро дар нусхабардории ранга ҳам кор мефармоянд. Офорт асри 16 дар Гер­мания пайдо шудааст. Намунаҳои нахустини онро дар рӯи тахтаи оҳан мусаввирони немис Д. Хопфер ва А. Дюрер ҳосил кунонидаанд. Равнақи Офорт ба асри 17 ва инкишофи Офорти ранга ба асри 18 рост меояд. А. Ван Дейк, Рембрандт, Ф. Гойя, У. Хогарт, И. Н. Крамской, И. Е. Репин, В. А. Серов ва дигар дар инкишофи санъати Офорт ҳиссаи калон гузоштаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …