Маълумоти охирин

Офисер

Офисер (немисӣ Offizier — шахси вазифадор), аҳли фармон ва сардор дар қувваҳои мусаллаҳ, милисия ва полисия. Офисер рутбаи ҳарбӣ дорад. Аввалҳо онҳоеро, ки вазифаҳои давлатӣ доштанд, Офисер меномиданд. Дар армияи рус мансабҳои офисерӣ якумин бор дар «полкҳои шакли нав» (асри 16) ҷорӣ шуд.

Дар Россия аз аввали асри 18 Офисер ба штаби Офисер (аз майор то полковник) ва обер — Офисер (аз капитан поён) тақсим мешуд. Баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр номи Оисерро бар­ҳам доданд. Дар Армияи Сурх ва ФҲБ аз соли 1943 баъди ҷорӣ кардани ПОГОНҲО командирон ва сардорон Офисер ном гирпфтанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …