Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Офарини Лоҳурӣ

Офарини Лоҳурӣ

Офарини Лоҳурӣ Фақируллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон. Давраи зиндагиаш охири асри 16 ва нимаи аввали а.сри 17. Дар зодгоҳаш — Лоҳур таҳсили илму адаб намуда, дар сурудани ашъори дилнишин шӯҳрат пайдо кард. Офарини  Лоҳурӣ аз мадду санои ҳукмронони давр дурӣ ҷустааст.

Аз ӯ куллиёте боқӣ мондааст, ки ғазал, қасида, рубоӣ ва дигар навъҳои шеърии ӯро дарбар мегирад. Инчунин достонҳои «Абҷади фикр», «Маърифат», «Ҳир ва Ронҷҳо» аз таълифоти ваянд. Асарҳои Офарини Лоҳурӣ дар мавзӯъ ва мазмунҳои ишқӣ, ирфонӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, пандуахлоқӣ эҷод шудаанд. Чан­де аз муосирон ва шоирони баъдина ба Офарини Лоҳурӣ дар шеъру шоирӣ пайравӣ кардаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …