Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Одоевский Александр Иванович

Одоевский Александр Иванович

Одоевский Александр Иванович (8. 12. 1802, Петербург —27. 8. .1839, истеҳкоми Пязуапе, ҳозира посёлкаи Лазаревский назди Сочи), шоири рус, декабрист. Маълумотро дар оила гирифтааст. Назари адабии Одоевский бо ақидаҳои А. С. Грибоедов, К. Ф. Рылеев ва дигар, ки зидди сентимен­тализм дар адабиёт буданд, як хел буд. Зимистони 1924—25 Одоевский ба Ҷамъияти шимолии декабристон  аъзо шуд.

Одоевский барои иштирок дар шуриши 14 декабр 1825 дар қалъаи Петро­павловск ҳабс карда шуд. Солҳои 1827—37 Одоевскийро ба Сибир бадарға карданд. Пас бо фармони шоҳ чун сарбози қаторӣ ба армияи амалкунандаи Кавказ фиристода шуд. Одоевский дар ин ҷо бо М. Ю. Лермонтов ва Н. П. Огарёв шинос шуд.

Шеърҳои то соли 1825 навиштаи Одоевский боқӣ намондаанд. Дар шеърхои пас аз 1825 офаридааш содиқ будан ба мақсаду мароми собиқаш ба назар мерасад (шеъри «Ҷавоб», 1827 — ҷавоб ба шеъри. А. С. Пушкин — «Ба Си­бир»). Дар достони «Василко» (1829—30), шеърҳои «Зосима» (1827 —29), «Фолбинзан» (1829) ва асарҳои дигар. Одоевский анъанаҳои назми романтикии декабристонро давом додааст. Дар асарҳояш Одоевский ба мавзӯъҳои мил­лӣ ва ахлоқию фалсафӣ рӯй овардааст, ки ин аз инкишофи равияи эҷодии М. Ю. Лермонтов дар адабиёти рус дарак медиҳад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …