Маълумоти охирин
Главная / Илм / Одоби байналхалқӣ

Одоби байналхалқӣ

Одоби байналхалқӣ, маҷмӯи қоидаҳои ахлоқии давлатҳоест, ки дар муносибати байналхалқӣ ширкат меварзанд (масалан, озод кардани аген­ти дипломатӣ ва бағоҷи шахсии ӯ аз тафтиш, инчунин озод кардани вай аз андозҳои пулии боҷӣ дар сурати дар ин хусус набудани шартнома). Ба агенти дипломатӣ аз тарафи ягон давлат дода шудани имтиёзу бартарӣ барои бемамоннат гузаштани ӯ аз ҳудуди он низ ифодаи Одоби байналхалқӣ мебошад.

Дар асоси розигии тарафайн ё бо хоҳиши ягон давлат тадбиқ мегардад. Қоидаҳои Одоби байналхалқӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ нестанд. Аз ни рӯ, онҳо аз нормаҳои ҳуқуқии байналхалқӣ фарқ доранд. Риоя накардани онҳо боиси ҷавобгарии ҳуқуқи байналхалқӣ нагардад ҳам, ва­ле фаъолияти ғайридӯстона дониста мешавад.

Одоби байналхалқӣ таърихан сарчашмаи пайдонши нормаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба шумор меравад. Бартариву имтиёзҳои дипломатӣ дар замонҳои қадиму асрҳои миёна ҳам Одоби байналхалқӣ ҳисоб мешуданд. Дар асрҳои 17—18 таш- рифи намояндагони дипломатӣ қисми муҳимми ҳуқуқи байналхалқӣ буд, ки алҳол яке аз нишонаҳои Одоби байналхалқӣ мебошад. Давлатҳои капиталистӣ тартибу нормаҳои Одоби байналхалқиро на ҳамеша риоя мекунанд.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …