Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Одинсов Арнолд Борисович

Одинсов Арнолд Борисович

Одинсов (тахаллус; фамилия— Одер) Арнолд Борисович (24. 9. 1913, Харков —19. 8. 1971, Москва, қабраш дар Душанбе), нависандаи советии рус. Аз оилаи ҳодими партиявӣ. Аъзои КПСС аз соли 1943. Университети умумииттифоқии коммунистии ба номи Я. М. Свердловро хатм карда­аст (1934). Асарҳояш аз соли 1935 чоп шудаанд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Дар идораи газетаи «Пионерская правда» ва журнали «Сме­на* кор кардааст. Соли 1955 ба То­ҷикистон омад.

Одинсов муаллифи маҷмӯаи очеркҳои «Дар Жигули» (1952, ҳамроди Л. Фёдорова), «Роҳи Мещера» (1957), «Аз ҳавлӣ ба ҳавлӣ» (1960) ва повестҳои «Генерал Андросов» (1965), «Рахна» (1966) мебошад. Маҷмуаи очеркҳои Одинсов бо унвоии «Аҷоиботи сафар» (1963), «Дар домани офтоб» (1964, ҳарду ҳамроҳи Ҷ. Икромӣ), «Дар паси силсилаабрҳо» (I960), «Дар бораи ҷанг ва муҳаббат» (1970), «Кашфиёти бузург* (1971, очеркҳо дар бораи сохтмони ГЭС-и Норак) ба забони тоҷикӣ аз чоп баромаданд.

Асарҳои адибони тоҷик А. Сидқӣ, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев ва дигарҳо ба русӣ тарҷума кардааст. Аз соли 1962 узви ИН СССР. Бо ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …