Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Одамият

Одамият

Одамият, сифати ахлоқиест, ки дар муносибатҳои ҳаррӯзаи одамон гуманизмро ифода мекунад, Одамият як қатор сифатҳо — хайрхоҳӣ, эҳтироми одамон, ҷоннисорӣ барои манфиати дигарон, инчунин инсондӯстӣ, хоксорӣ, росткорӣ, самимият ва ғайраро дарбар мегирад. Одамон дар рӯҳияи Одамият тарбия меёбанд.

Одамият вобаста ба хусусияти муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбад. Дар ҷамъиятҳои истисмории синфӣ, ки хар кас ба­рои истисмори шахси дигар мекӯшад, дар муносибатҳои байниҳамдигарии одамон бераҳмию золимӣ ҳукмфармост. Одамият дар ин гуна ҷамъият асосан хоси аҳли мехнат аст. Дар эҷодиёти Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҳилолӣ ва дигар Одамият ҷузъи ахлоқи ботинист.

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият.

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

(Саъдй)

Аломати асосии Одамият аз шар дур ва хайрхоҳи омма будан, нисбат ба ди­гарон нуктагирӣ накардан, «рӯзи зиллат фурӯтанӣ кардан» аст.

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан. (Асирӣ)

Одамият ҳамчун сифати наҷиби инсонӣ дар зимни муборзаи ба муқобили беадолатии иҷтимоӣ ва шароити зиддигуманистии хаёт парвариш ме­ёбад. Танҳо дар замони сотсиализм барои ба талаботи ҳатмии ахлоқӣ табдил додани Одамият, ки ба хама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ва одам мансуб бошад, заминаҳои объективӣ муҳайё мешавад.

Дар ҷамъияти сотсиалистӣ кирдори бераҳмона, ҳамчун зуҳуроти гузашта зоҳир шуда, бо афкори умум маҳкум карда мешавад. Барои зуҳуроти ҷоҳилонаи бераҳмию золимӣ (зӯрӣ, авбошӣ ва ғайра) аз рӯи қонун ҷазо медиҳанд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …