Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Очоронӣ

Очоронӣ

Очоронӣ, усули консервонии маҳсулоти хӯрокворӣ буда, ба таъ­сири ҷавҳари сирко асос ёфта аст, ки дар консентрасияи муайян махсу­сан бо иштироки намак бисёр микроорганиамҳоро сусту бемадор менамояд. Азбаски консентрасияи ҷавҳари сиркоӣ (мувофиқи таом истифодашаванда инкишофи пӯпапак ва бактерияҳоро нигоҳ дошта наметавонад, ҳангоми Очоронӣ намак ҳамрод карда, пастеризасия мекунанд, дар ҳарорати паст (то 4° Селсия) ва ғайра нигоҳ медоранд.

Ҳангоми ба Очоронӣ тайёр кардан маҳсулотро аз рӯи сифату ҳаҷм хел карда мешӯянд. Бисёр вақт маҳсулоторо, ки очоронида мешавад, пӯст канда, реза мекунанд, сипас тару тоза (баъзе меваю ғуҷуммева) ё пешакӣ ҷӯшонда ба зарфҳои холӣ меандозанд ва ба болояш маҳлули бо шакар, хушбӯй, намак ҷӯшонда ва (барои меваҷот бе намак) сирко мерезанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …