Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Очилов Аҳад

Очилов Аҳад

Очилов Аҳад (таваллуд 1912, Самар­канд), ветерани хоҷагии халқ, Қаҳ- рамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948).

Аъзои КПСС аз соли 1940. Солҳои 1931—32 мудири макта­би ибтидоӣ (Са­ма рқанд), 1932—33 котиб, раиси суди pайони Ҳисор, 1933—35 инструктори Комитети иҷроияи Совети де­путатҳои меҳнаткашони шаҳри Ду­шанбе, 1935—36 Ҷонишини раиси Совети қишлоқии Неъматбачаи pайони Регap, 1936—37 дар сафи Армияи Советӣ, 1938 инспектори ҳарбӣ, 1938—39 котиби масъули Комитети иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони район, 1939 ҷонишини раиси колхози «МТС», 1939—41 муди­ри шуъбаи молияи pайони Регар, 1942—46 дар сафи Армияи Советӣ, 1946— 50 раиси Комитети иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони pайони Орҷоникидзеобод, 1950—52 шунавандаи Мактаби партиявии республикавии назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, 1952—56 котиби Комитет партиявии районҳои Ҷилликӯл, Орҷоникндзеобод, 1956—58 директори МТС-и ба номи В. П. Чка­лов, 1959—61 директори стансияи таъмири трактор ва «Селхозтехникӣ»-и райони Самарқанди вилояти Самарқанд, 1961— 63 раиси Совети байниколхозии райони Орҷоникидзеобод, 1963—69 сардори Базаи молфарбеҳкунии Вазорати  гӯшту шири Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз соли 1969 на- фақахӯри шахсӣ.

Аз соли 1978 ҷонишини директори фабрикаи мурғпарварии районни Орноникидзеобод. Очилов дар инки­шофи соҳаи пахтакорӣ саҳми арзанда гузоштааст. Депутат Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (даъваш 2). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 9 медал (аз чумла бо медали калони тилло ва нуқраи ИКХХ СССР) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …