Маълумоти охирин

Очерк

Очерк, яке аз навъҳои ҷинси эпикӣ буда, аз ҳикоя ва новелла бо надоштани конфликти яклухту пуршиддати тез ҳалшаванда ва хусусияти тавсифии худ фарқ мекунад. Дар Очерк ба мисли ҳикоя, повест, ро­ман, драма нависанда чандон соҳибихтиёр набуда, асосан воқеаву шахсҳои воқеиро тасвир менамояд. Очерк аз лавҳаҳои гуногун, мулоқотҳо, гуфтугузорҳо, муносибати шахсҳо, аз тасвири вазъи ҳаёти ҷамъият, табиат ва андеша дар бораи онҳо таркиб ёфта метавонад. Агар фикри нависанда вусъате, сухани ӯ бурроие дошта бошад, ин лавҳаҳои пароканда низоми муайян хоҳанд дошт. Таъсири Очерк аз бисьёр ҷидатдо ба он вобаста хоҳад буд, ки ноқил мушоҳида, таассурот ва .мулоқоту гуфтугузори худро бо кадом шева баён мекунад. Очерк одатан дар давраи муносибатҳои тезу тунди ҷамъиятӣ ё бо пайдоиши тарзи нави зиндагӣ инкишоф меёбад. Очерк дар Россия нимаи дуюми асри 18 пайдо шуда, дар солҳои 40 асри 19 махсусан инкишоф ёфт.

Дар адабиёти тоҷик хусусиятҳои Очерк аз нимаи дуюми асри 19 (Возеҳ «Савонеҳ- ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик», Мирзо Сироҷ «Туҳафи аҳли Бухоро», бобҳои «Наводир-ул-воқеъ»-и Аҳмади Дониш, ки сафарҳои ӯ ба Рос­сия тасвир ёфтаанд ва ғайра) шакл гирифта бошад ҳам, танҳо баъди Револютсияи  Октябр охири солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 ҳамчун жанри хоси адабӣ пайдо шуд. Очерки тоҷик бо таъсири Очерки со­ветии рус ба вуҷуд омад. Асосгузори Очерки тоҷик Айнӣ мебошад. Очерк асосан дар ду шакл инкишоф меёбад: ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ. Дар Очерки ҳучҷатӣ ҳодисаҳои воқеӣ бе ҳеҷ пардоз инъикос мешаванд. Очеркҳои Садриддин Айнӣ, А. Дехотӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Р. Мирзо аз ҳамин қабиланд. Дар Очерки бадеӣ типикунии қадрамонон ва воқеаҳо, сюжет, композисияи мавзуну мутаносиб ва тахайюли ба­деии нависанда мавқеи калон дорад. Очеркҳои Фазлиддин Муҳаммадиев «Муҳоҷирон», А. Сидқӣ «Ҷӯраи деринаи ман». М. Наҷмиддинов «Фарзанди замон» ва ғайра Очеркии бадеианд.

Очерк, ки жанри фаъол аст, вобаста ба тақозои айём пеш рафта, ҷиҳатҳои тозаи рӯзгори халқро инъикос мекунад. Алалхусус, нимаи дуюми солҳои 50-ро давраи инкишофи Очерки тоҷик шуморидан равост. Дар ин солҳо ба тақозои замон ва таъсири очеркнависони намоёни рус В. Овечкин, С. За­лыгин, В. Тендряков ва дигар. Очерки то­ҷик сифатан нав гардид. Дар адаби­ёти тоҷик Очерки проблемӣ ба вуҷуд омад. (Фазлиддин Муҳаммадиев «Раиси нав» 1955. «Фаттоҳ ва Музаффар», 1958; М. Наҷмиддинов «Якраҳа», 1956; А. Сидқӣ «Ҷӯраи деринаи ман», 1957 ва ғайра). Дигар аз навъи Очерк, ки солҳои охир дар адабиёти тоҷик равнақ гирифт, Очерки сафарист. Очерки Икромӣ  “Аз Сталинобод то ба Киев», Фазлиддин Му­даммадиев «Нориниёнем мо» (1979) аз ҷумлаи беҳтарин Очеркҳои сафарӣ ба шумор мераванд.

Очерк дар адабиёти тоҷик ба инкишофи наср, махсусан жанри повест мусоидат кард. Таҷрибаи Очерк ба бис­ёр нависандаҳои (Фазлиддин Муҳаммадиев, А. Сиқӣ, М. Наҷмиддинов) барои тадқиқи амиду пурвусъати зиндагӣ имкон дод. Бо инкишофи Очерк реализми насри муосири тоҷик қавитар гашт.

Адабиёт: Ш у к у р о в- М.. Насри солҳои 1945—74. Таърихи адабиёти советии то­ҷик, инкишофи жанрҳо, ҷилди 4, Душанбе, 1980; Журбина Е., Искусство очерка, Москва, 1957; К о н т о р о в и ч В., Заметки писа­теля о современном очерке, 2 издание. Москва. 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …