Маълумоти охирин

Очаков

«Очаков», крейсери флоти баҳри Сиёҳ, ки дар шӯриши Севастопол (1905) иштирок кардааст. Шӯришро ташкилоти ҳарбии болшевики тайёр кард. 8 ноябр дар крейсер ошуби матросҳо cap зад, шуришгарон талабҳое пешниҳод карданд, ки дар байни онҳо талабҳои умумисиёси ҳам буданд. 13 ноябр матросҳо офисерони крейсерро ҳабс карда, ба Совети депутатҳои матросҳо, солдатҳо ва коргарон вакилҳо интихоб намуданд ва бо шӯришгарони дивизи- яи флот, солдатҳо ва коргарони соҳил алоқа бастанд. 14 ноябр ба «Очаков» лейтенант П. П. Шмидт омад, ки ӯро шӯришгарон фармондеҳи флот ин­тихоб карда буданд.

Ба «Очаков» 11 киштии хурд ҳамрод шуд. 15 ноябр ба муқобили киштиҳои шӯришгар ар­тиллерия оташ кушод. Сӯхтор ба амал омада, шӯришгарон киштиҳоро тарк карданд. Шӯриш пахш карда шуд. Лейтенант Шмидт, матрос Н. Г. Антоненко, машинист А. И. Гладков ва кондуктор С. П. Частник парронда шуданд, дигарон ба мулатҳои гуногун бадарға ва ҳабс гарди- данд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …