Маълумоти охирин

Обхӯра

Обхӯра, обхӯр, обишхӯр, обишхар, обишхор, 1) ҷои обхӯрӣ ё обгирӣ дар лаби ҳавзу наҳр; 2) ҷои истиқомат, макон, манзил; 3) о б х ӯ р а и автоматӣ, асбоби автоматисот барои обхӯрии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ. Обхӯра ҷудогона ва гурӯҳӣ мешавад. Обхӯраи ҷудогона ба­рои об додани гови шохбанд ва хукҳо, ки дар хоначаҳои алоҳида парво мекунанд, истифода мешавад.

Обхӯраи гурӯҳиро барои об дода­ни говҳои озод парвоёбанда, хуку гусфандоне, ки гурӯҳ-гурӯҳ парвариш мекунанд, инчунин паррандаҳои дар катакҳои фарох парваришёбанда ба кор мебаранд. Обхӯраи гурӯҳиро инчунин дар чарогоҳҳои тобистона ва майдонҳои кушод ба хор мебаранд. Обхӯраи муқимӣ ва сайёр ме­шавад. Обхӯраи сайёрро одатан дар чарогоҳҳои тобистонаи аз об дур истифода мебаранд.

Зимистон оби Обхӯраро гарӣ меку­нанд. Барои ин ба системаи Обхӯра на­сос, ки он аз муҳаррики электрӣ ба кор медарояд,  обгармкунаки электрӣ ва баки омезиш ки ба он об аз обгузар меояд, васл карда мешавад. Насос ва обгармкунаки электриро танҳо рӯзҳои хунук ба кор мебаранд.

Адабиёт: Луговский М. В., У с а к о в- с к и й В. М. Бородачев П. Д., Спра­вочник по механизации и водоснабжению животноводческих ферм, Москва, 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …