Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Обутоби растанӣ

Обутоби растанӣ

Обутоби растанӣ, хусусияти тобоварӣ пайдо кардани растаниҳо ба шароити номусоид (сармо, хушксолӣ, шӯразамин ва ғайра). Хусусиятҳое, ки ҳангоми Обутоби растанӣ ба вуҷуд меоянд, ба тағйироти мубодилаи моддаҳо вобастаанд. Обутоби растанӣ ба сармо танҳо тирамоҳ, вақте ки растанӣ аз таъси­ри рӯзи кӯтоҳ аз рушд монда, ба ҳолати оромӣ мегузарад, инчунин зимистон ҳангоми сармоӣ суст ё мӯътадил ба амал меояд.

Бинобар ин дарахтоне, ки зимис­тон то ба 60° Селсия хунукӣ тоб меоваранд (шарбин, коҷ, санавбар ва ғайра), тобистон дар хунукии 7—8° Селсия нобуд мешаванд. Давраи якуми Обутоби растанӣ ҳангоми 0°Селсия будани ҳарорат (дар шароити равшанӣ) мегузарад, ки ин вақт дар натиҷаи суст шудани нафасгирии растаниҳо дар онҳо бештар ангиштобҳо захира мешаванд.

Давраи дуюми Обутоби растанӣ ҳангоми хунукиҳои мӯътадил ё сахт суст мегуза­рад, ки дар ин вақт дуҷайраҳои рас­танӣ дар натиҷаи яхбандӣ обро бештар талаф медиҳанд. Дар ин маврид протопласт ҷудо мешавад ва дар сатҳи он қабати ликоидию сафеда пайдо мешавад; плазмодесмҳо ба дохили ҳуҷайра кашида мешаванд ва моддаҳои зиндаи ҳуҷайра нисбат ба фишори яхи байни ҳуҷайраҳо ҳассосии худро гум мекунанд.

Обутоби растаниро барои ба хунукӣ тобовар шуда­ни бодиринг, помидор, пахта, ҷуворимакка ва растаниҳои дигар ба кор мебаранд. Инчунин усулҳои ба шӯрхок тобовар кардани растаниро (бо роҳи дар маҳлули намакҳо нигоҳ доштани тухмӣ) дарёфт кардаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …