Маълумоти охирин

Обутоб

Обутоб, коркарди термикии ма­териалҳоро гӯянд, ки аз тафсондану якбора сардонидани модда иборат аст. Фақат ҳамон моддаҳоро Обутоб до­дан мумкин аст, ки ҳолати мувозинаташон (масалан, сохти кристаллиашон) дар ҳарорати баланд аз ҳолати мувозинат дар ҳарорати паст фарқ до­рад.

Масалан, Обутоби пӯлод дар сохти он структураи мартенсит ба вуҷуд меорад, ки ба зиёд шудани сахтию мустаҳкамӣ, сершавии магнитӣ ва кам шудани пластикии пӯлод боис мегардад.

Обутоби модда дар мавриде самарабахш мебошад, ки суръати ба даст омадан сардонӣ барои инкишоф наёфтани просессҳои номатлуб (ки мақсади Обутоб маҳз пешгирӣ кар­дани онҳост) кифоя бошад. Бисёр моддаҳо (металлҳо, хӯлаҳои онҳо, шиша ва ғайра)-ро дар шароити табии ё дар ҷараёни технологии муайян Обутоб додан мумкин аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …