Маълумоти охирин
Главная / Илм / Обсидиан

Обсидиан

Обсидиан (лотинӣ Obsidianus la­pis — санги Обсидии; гӯё ин сангро дар Эфиопия бори аввал Обсидии ном шахс кашф кардааст), шишаи вулқонӣ, ҷинси кӯҳии шишамонанд. Рангаш сиёҳ, сиёҳи сурхтоб ва ғайра.

Сахтиаш 5; зичиаш 2500—2600 килограмм/метр3, қариб 0,5%* об дорад. Дар натиҷаи шах шуда мондани лаваи часпаки липаритии турш ё липаритдаситӣ ҳосил мешавад. Асосан дар тайёр кардани бетон ва баъзе намудҳои Обсидианро ба сифати санги орои- шӣ истифода мебаранд.

Обсидиан дар ноҳияҳои вулқонҳои қадима ва ҳозира (масалан, Закавказия, Камчатка) бис­ёр аст. Дар Тоҷикистон Обсидиан дар қӯҳ- ҳои Қаромазор (кони Тошкесган) ёфт шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …