Маълумоти охирин

Обсабзҳо

Обсабзҳо (Algae), гурӯҳи растаниҳои дараҷаи пасти автотрофии обист. Обсабзҳо хлорофилл ва пигментҳои дигар доранд ва ҳангоми фотосин­тез моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. Онҳо гулу мева надоранд. Спораҳояшон одатан бо пардаи сахт иҳота нашудаанд. Сохти танаи обсабзҳо нисбат ба танаи ушнаҳо, сархасҳо ва растаниҳои дигаре, ки дар хушкӣ месабзанд, содда аст. Ҳуҷайраҳои Обсабзҳои содда (масалан, Обсабзҳои кабудтоби сабз) ядрои мукаммал ва хроматофорҳо (органеллаҳои Обсабзи бӯр ва сабз, ки пигмент доранд) надоранд.

Баръакс, дар ҳуҷайраҳои як қатор Обсабзҳо микдори ядро хеле зиёд аст. Обсабзҳои сохти ҳуҷайравӣ надошта низ мавҷуданд. Хроматофори Обсабзҳо тасмашакл, ситорашакл, лавҳашакл ва гирдашакл мешавад. Ҷилди ҳуҷайраи Обсабзҳо аз селлюлоза, моддаҳои пектинӣ, пайвастҳои органикии сили­сий (Обсабзҳои диатомӣ), алгин ва фусин (Обсабзҳои бӯр) иборат аст. Крахмал, гли­коген, полисахарида), баъзан равған моддаҳои захиравии Обсабзҳо мебошанд.

Дар айни замон қариб 30 ҳазор намуди Обсабзҳо маълум буда, онҳо ба 10 навъ (тип)—Обсабзҳои кабудтоби сабз (Cyanophyta), сабз (Chlorophyta), бӯр (Pnaeophyta), сурх (Rhodophy- ta), зардтоби сабз (Xanthophyta), тиллоранг (Chrysophyta), пиррофитӣ (Pyrrophyta), эвгленоидӣ (Euglenop- hyta) ва хароидӣ (Charopnyta) тақсим мешаванд. Дар обанборҳои Тоҷикистон зиёда аз 1 ҳазор намуди Обсабзҳо мерӯяд, ки аз онҳо 640 намудашон тадқиқ шудаанд. Ҳамаи навъҳои Обсабзҳо новобаста ба яқдигар инкишоф ёфтаанд. Растаниҳое, ки дар хушкӣ месабзанд, аз Обсабзҳо (тахмин мекунанд, ки аз Обсабзҳои сабз) ба вуҷуд омадаанд.

Аксари Обсабзҳо организмҳои микроско­пии якҳуҷайраю бисёрҳуҷайра ва гурӯҳ-гурӯҳ нумӯкунанда мебошанд; баъзан Обсабзҳои калон-калони ба растаниҳои баргу поядор монанд низ дучор мешаванд. Обсабзҳо реша надо­ранд; моддаҳои заруриро аз об бо тамоми сатҳи танаашон меҷаббанд. Обсабзҳо чун дигар растаниҳои дараҷаи паст бо роҳи нашв ё бо ёрии спораҳо меафзоянд.

Онҳо асосан дар об маскун шудаанд. Обсабзҳои  калон-калони баҳрӣ (бештар Обсабзҳои бӯр) бешаҳои зериоби ҳосил мекунанд Обсабзҳои дигар бошанд, аксар дар рӯи об ё қабати болоии хок месабзанд. Як қисми онҳо нитрогени ҳаворо ғизо мекунанд, қисми дигарашон бошанд, барои дар решаи дарахтҳо, девору хар- сангҳо нумӯ кардан мутобиқ шуда­анд. Баъзе Обсабзҳо бо занбӯруғу ҳайвонот муносибати симбиозӣ пайдо кардаанд.

Обсабзҳо манбаи асосии моддаҳои орга­никӣ дар об мебошанд Обсабзҳо ва дигар растаниҳои обӣ қариб 80% ҳамаи моддаҳои органикиеро, ки дар рӯи Замин ҳар сол ба вуҷуд оварда ме­шаванд, ҳосил мекунанд. Аз ин рӯ онҳо манбаи асосии ғизои ҳайвоноти обӣ мебошанд. Чандин ҷинси кӯҳие мавҷуданд, ки дар давраҳои қадими геологӣ дар натиҷаи фаъолияти Обсабзҳо ба вуҷуд омадаанд.

Масалан, диатомитҳо, варақсангҳои сӯзанда, баъ­зе намудҳои оҳаксанг ва ғайра. Баъзе Обсабзҳо чун маҳсулоти хӯрокӣ (масалан, карами баҳрӣ, порфира, улба), хӯроки чорво, пору ва ғайра истифода мешаванд. Бисёр Обсабзҳо барои бо усули биологӣ тоза кардани обҳои партов яке аз компонентҳои муҳим ба шумор мераванд. Алгологҳои Тоҷикистон ро­ли Обсабзҳоро дар тоза кардани обҳои партови шахри Душанбе муқаррар кар­да, имконияти пешгуй кардани режими биологии оби обанборҳои Норак ва Роғунро нишон доданд.

Аз Обсабзҳо агар-агар, агароидҳо, алгинатҳо ва маҳсулоти дигар низ мегиранд. Обсабзҳоро дар тадқиқоти илмӣ барои ҳал кар­дани масъалаи фотосинтез, муайян кардани мақоми ядро ва дигар қисмҳои дуҷайра ва ғайра истифода мебаранд. Баъзе Обсабзҳо (масалан, хлорел­ла )-ро дар киштиҳои кайҳонӣ ба­рои таъмин намудани гардиши моддаҳо кор мефармоянд. Обсабзҳоро илми алгология меомӯзад. Тасвир дар саҳифаи 112-11З.

Адабиёт: Определитель низших растений, том 1—2, Водоросли, Москва, 1953; 3 и- н о в а А. Д., Определитель зеленых, бурых и красных водорослей южных морей СССР, Москва—Ленинград, 1967; Водоросли, лишайники и мохообразные СССР, Москва, 1978.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …