Маълумоти охирин

Оброк

Оброк, андозест, ки деққонони крепостной ба феодалон дар намуди маҳсулот ё пул медоданд; як навъи рентаи феодалии замин. Оброки молӣ аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ: ғалла, шароб, сабзавот, инчунин маснуоти ҳунармандӣ ва Оброки пулӣ бошад аз даромаде, ки деҳқонон баъди фурӯхтани ҳосил ба даст меоваранд, супорида мешуд.

Дар давраи тараққиёти феодализм Оброки пулӣ бештар паҳн гардид. Оброк бо барщинаи асрҳои 16—17 баробар вуҷуд дошт. Аммо тараққиёти истеҳсолот ва муносибатҳои тиҷоратӣ боиси паҳншавии Оброки пулӣ гардид. Дар давраи ислоҳоти деҳқонии соли 1861 дар Россия бар­щина бо Оброк иваз карда шуд.

Минбаъд ба ҷои Оброк замин мехариданд. Дар асрҳои миёна дар Европаи Ғарбӣ ва Шарқӣ шакли барщинагии истисмори деҳқонон ба тарзи хеле васеъ пахн шуда бошад, дар мамлакатҳои Шарқ андози давлатӣ ҷорӣ гардид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …