Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Обреймов Иван Василевич

Обреймов Иван Василевич

Обреймов Иван Васильевич (таваллуд 8. 3. 1894, Аннеси, Франсия), физики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССРУ(1958; аъзо корреспондент1933) Университети Петроградро хатм кардааст (1915).

Солҳои 1919—24 ва 1942—44 дар Ин­ститути давлатии опти­ка, 1924—29 дар Институти физика ва техникаи Ленин­град, 1929—41′ дар Институти физика ва техникаи Украина, 1944—54 дар Институ химияи органикии Академияи анҳои COСP, 1954—65 дар Институти пайвастҳои элементоорганикии Академияи Фанҳои СССР кор кардааст; аз соли 1965 корманди Ин­ститути химияи умумӣ ва ғайриорганикии Академияи Фанҳои СССР.

Таълифоти илмии Обреймов ба физикаи кристаллҳо ва спектроскопияи молекулавӣ бахшида шудаанд. Методи аз гудохта «сабзондан”-и монокристаллҳоро кор карда баромад, деформасияи пластикӣ ва хосиятҳои оптикии онро тадқиқ намуд. Спектри кристаллҳои органикиро ҳангоми ҳарорати паст омӯхт. Обреймов муаллифи монографияи «Доир ба татбиқи диф­раксия» Френел дар ченкунии физикӣ ва техникӣ» (1945, Мукофоти давлатии СС0CP, 1946) мебошад.

Ӯ дар ин асар назария ва методи муайян кардани дисперсия (методи Обреймов)-ро, ки татбиқи васеъ ёфтааст, баён намуд. Бо 2 ор­ден ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …