Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Образсов Владимир Николаевич

Образсов Владимир Николаевич

Образсов Владимир Николаевич (18.6.1874, Николаев — 28.11.1949, Москва), олими советӣ дар соҳаи нақлиёт, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Соли 1897 Институти инженерони роҳҳои нақлиёти Петербургро хатм карда, аз соли 1901 дар Омӯзишгоҳи инженерии Москва дарс гуфтааст; солҳои 1919—22 профессори Институти инженерони граждании Москва, 1923—1949 профессори Институти инженерони нақлиёти роҳи оҳани Москва, 1935—1940 сардори Институти тадқиқоти илмии нақлиёти роҳи оҳани Мо­сква ва аз 1939 то охири умр рохбари сексияи Академияи Фанҳои СССР оид ба коркарди илмии проблемаҳои нақлиёт.

Асарҳои илмии Образсов ба масъалаҳои хоҷагии стансияҳои роҳи оҳан, тартиб додани лоиҳаи стансияҳои роҳи оҳан ва узелҳои нақлиёт, тақсимоти плании корҳои ба навъқо ҷудокунии борҳо дар шабакаҳои роҳи оҳан, тартиб додани плани ташаккули поездҳо, инчунин ба проблемаҳои кори муштараку инкишофи шабакаҳои намудҳои гуногуни нақлиёт дар СССР бахшида шудаанд. Аъзои Комитети Иҷроияи Марказии Умумииттифоқӣ (ВЦИК) даъвати 16-ум (1935). Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 1—2). Лауреата Мукофоти давлатии СССР (1942, 1943). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Асос: Энсиклопедия путей сообщения. Вводный курс, Москва—Ленинград, 1925; Основные данные для проектирования железнодо­рожных. стансий, Москва—Ленинград, 1929; Железно­дорожные узлы, Москва—Ленинград, 1933; Станции и узлы, Москва, 1949. (ҳамроҳи дигар).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …